Омӯзишҳои вижа барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ
Рӯзҳои 11-13-уми июли соли 2023 ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (ҲБСТ) дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” (МҶҲАБС) дар доираи лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон омӯзиши серӯзаро барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз гӯшаву канори кишвар ба роҳ монд.
Омӯзиш бо сухани ифтитоҳии Сафаралӣ Наимов - диретори иҷроияи ҲБСТ ва Рустам Нуров - директори МҶҲАБС оғоз гардида, дар он асосан масъалаҳои зерин ба баррасӣ кашида шуд:
- беҳтар кардани дарёфти бемории сил ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;
- истифодаи дастгоҳи рентгени сайёр бо зеҳни сунъӣ;
- тақвияти корҳои ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ ва баланд бардоштани иқтидор дар самти дарёфти ҳама гуна шаклҳои бемории сил;
- фаъолияти якҷояи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои зиддисилӣ дар самти пайгирии самараноки алоқамандони беморони сил;
- муҳиммияти дастгирии руҳӣ-эҳсосии шахсони аз сил осебдида барои беҳтар намудани риояи табобат.
Дар омӯзиш мутахассисони варзидаи соҳаи силшиносӣ ба намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ нозукиҳои пайгирӣ, дарёфту табобат, истифодаи дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ ва дастгирии руҳӣ-эҳсосии шахсони аз сил осебдидаро омӯзониданд.
Мақсад аз баргузории омӯзиши мазкурро аз ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пайгирии алоқамандон, дарёфти саривақтии ҳамаи шаклҳои бемории сил, истифодаи дастгоҳҳои замонавии рентгенӣ бо зеҳни сунъӣ ва дастгирии руҳӣ-эҳсосии шахсониаз сил осебдида барои баланд бардоштани риояи табобат арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, дар анҷоми омӯзиш ба иштирокчиёни он гувоҳиномаҳо тақдим гардиданд.