ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ВАҲДАТ ВА РИЗОИЯТИ ҶОМЕА


ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ВАҲДАТ ВА РИЗОИЯТИ ҶОМЕА бармало мебинем ва бешубҳа ба бунёдкорону дастандаркорони он ҳам дар дил аҳсан мехонем, ки бешубҳа ҳамааш аз баракати сулҳу ваҳдати миллӣ манша гирифта, ҳамзамон саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар намудани вазъи зиндагӣ ва осоиштагию дилгарми сокинони пойтахти мамлакат нигаронида шудаанд, ки боиси ифтихор маҳсуб меёбанд. Бар замми ҳамаи ин тавассути заҳматҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ на танҳо сол ба сол, балки рӯз то рӯз симои шаҳри Душанбешаҳр боз ҳам дигаргунтар гашта, биноҳои баландошёнаву маъмурӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, маишӣ бунёд ёфта, гулгашту хиёбонҳои ҷадид қабои сабз ба бар намуда, пойтахтро сабзу гулпӯш мекунанд. Имрӯзҳо иқдомҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ бо мақсади сарсабзию шукуфоиҳои пойтахт ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари ҳамешабаҳорамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта истодаанд, ки боиси ифтихор аст. Тавассути саъюу талошҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ҳамзамон бо мавқеъи фаъол ва иштироки бевоситаи кормандони сохтору зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ВАҲДАТ ВА РИЗОИЯТИ ҶОМЕА Рушанзода Суҳроб, Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 23.12.2022 аз ҷумла, чунин иброз дошта буданд: “Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматкаши мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва инчунин бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагӣ аз имрӯза беҳтар шароити мусоид фароҳам меоваранд”. Тавре ҳамагон чӣ хурду чӣ бузург хуб медонем ва ҳамзамон ҳамаи ин созандагиву бунёдкориҳоро ҳамарӯза бо ду чашмони худ ва 16 ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва инчунин кулли сокинони шаҳр, пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе рӯз то рӯз ободу зебо ва дилрабову мубарро шуда истодааст. Лозим ба тазаккур аст, ки пойтахти мамлакати соҳибиқболу соҳибистиқлоламон хонаи умеди тоҷикон, шаҳри сайёҳон, шаҳри ҷавонон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шафқат, маскани қаҳрамонони бузург маҳсуб ёфта, ҳамзамон он имрӯзҳо ба яке аз шаҳрҳои мутамаддин, мусоидаттарини арсаҳои зуҳури чорабиниҳои муҳимми сиёсиву илмиву фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар қабули меҳмонони хориҷӣ бо суннатҳои баланди миллии тоҷикона ва эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ мавқеи дурахшони худро пайдо кардааст. Тавре ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, симои шаҳри Душанбе баъди Истиқлоли давлатӣ ба куллӣ дигаргун гашт. Бо қарори Созмони Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО моҳи августи соли 2004 сазовори Ҷоизаи шаҳри Сулҳ гардида буд, ки далел аз шаҳри пешсаф ва ободу зебо ва амнтарин дар ҷаҳон буданаш дарак ва гувоҳӣ медиҳад. Бо ифтихори беинтиҳо метавон гуфт, ки имрӯз Душанбешаҳри мо низ аз он шаҳрҳои мутараққии дорои биноҳои баландошёнаю хушсохт, майдончаҳои зебои варзишӣ, гулгаштҳои назаррабову навбунёд ва дигар иншооти бузурги аср аз дигар шаҳрҳои мутараққӣ ва ё худ дигар бародаршаҳрҳои худ ҳеҷ як камие надорад. Имрӯз симои пойтахт ва кишвари азизи моро на фақат чорабиниҳои бешумори сиёсию фарҳангӣ ва ҳамзамон баргузориҳои бунёдкориҳои беназири сатҳи ҷаҳонӣ, балки ташаббусҳои созандаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати садоқатмандонаю маънавии халқи хуштолеи ватанамон низ ба зебогиҳои пойтахти мамлакатамон гӯиё ҳусн ва маънои бештар бахшидаанд, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Бояд қайд кард, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ташаббускориҳои бемислу монанд ва бунёдкориҳои азими бесобиқа симои пойтахти мамлакатамонро феълан то дараҷаи ношинохтанӣ дигаргун карданд. Хусусан таъмини устувори амният ва ҳифзи бомароми тартиботи ҷамъиятӣ дар саросари пойтахт аст, ки тӯли чанд соли охир на танҳо шумораи аҳолии муқимии он, балки теъдоди сайёҳону меҳмонони хориҷие, ки мароқи сайру гашт дар боғу гулгаштҳои дилрабо ва мавзеъҳои фараҳафзои шаҳри Душанберо доранд, рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Воқеъан ҳам, Душанбе дар қиёс ба солҳои пешин аз ҷиҳати рушд ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон ва инчунин ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ба таври пайваста тавофути худро дорад, ки боиси пайравист. Душанбеи азиз ва шаҳри ҷавониҳою хонаи уммеду орзуҳои мо бо суръати баланди ба худ хос ба сафи ситишаҳрҳои беҳтарин ва дидании рӯйи олам ворид мешавад ва ҳамзамон қалби меҳмонону сайёҳони оламро тасхир менамояд. Тавре иброз доштем, имрӯзҳо хусусан аз ҷиҳати ободию бунёдкорӣ, сарсабзию шукуфоӣ, тинҷию амонӣ, дастархондорию меҳмоннавозии тоҷикона, то ҷойе, ки медонем, кулли ошиқон ва орзумандони дидори шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони азизамон сол то сол дар дунё меафзоянд. Агар ба ин гуфтаҳо бовар надоред, пас марҳамат биёед, ҳамдиёрони азизу арҷманд худатон бо ду чашми сари худ бубинед, ки имрӯз Душанбеи нозанин ба яке аз шаҳрҳои мутараққии рӯйи дунё табдил ёфта, соҳиби мавзеъҳои тамошобобу дилкаши зиёде гардидааст ва аз он кӯчаю паскӯчаҳои пурлойи ибтидои асри ХХ ки онро устод Мирзо Турсунзода дар достони безаволи худ “Ҳасани аробакаш” тасвир намуда буданд, ҳоло тамоман ному нишоне намондааст, гӯем ҳам ҳеҷ як иштибоҳе нахоҳем кард. Даҳҳо иншоот, боғу гулгаштҳои фарҳангиву фароғатӣ, меҳмонхонаҳою таълимгоҳҳои муосиру ҷадид ва ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ 17 ва заводу фабрикаҳо нав ба нав, тролейбусҳои муосир ва инчунин автобусҳои дуошёнаи ҳозиразамон ва сохтмони роҳҳои дусатҳаю сесатҳа ва инчунин эстекадаҳо ва азнавсозию таҷдиди роҳҳу пулҳои мошингузару роҳҳои оҳан ҳусни шаҳри зебову дилрабои пойтахти мамлакатро рӯз аз рӯз ва соат ба соат боз ҳам бошукуҳу афзунтар намудаанд, ки барои иҷроиши онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат маблағҳои зиёде хароҷот мешаванд ва Душанбешаҳрро ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ мегардонанд. Хулласи калом, ҳоло Душанбеи гулафшонро наметавон шинохт рӯз то рӯз симояш дигаргун гашта ва саҳми бевоситаи Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарварии Раиси ҷавону ояндадори шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар иҷрои ин созандагиву ободкориҳо хеле бузург аст, наметавон, ки онро нодида гирифт. Дар ин ҳама музаффариятҳо, ободкориву бунёдкориҳо, саҳми Раиси муҳтарами шаҳр, ки бо ҳама ин ҷавонӣ тавонистаанд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар байни мардум маҳбубияти хосаро пайдо кунанд, дар дили мардум мавқеъ ёбанд ва сазовори эҳтиром ва боварии сокинони пойтахт гарданд, ба ҳамагон рӯшан аст. Ин падидаи нодир дар таърихи давлату давлатдории мо ва инчунин дар замони зиндагии имрӯзаи мо кори чандон осон набуд ва наметавонист бидуни заҳмати шабонарӯзӣ ва муҳаббати баланди ватандӯстона ба касе даст диҳад. Тавре шоири шаҳире дар ин бора басо ҳам хуб фармудааст: Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад, Ба ҳар кас дӯстрӯ ҳар хонаро зебанда мегардад Имрӯз мо бо боварии комил метавонем гуфт, ки аз ин гуна шароитҳои бароямон муҳайё гардида, бештар аз пештар ҳаловат мебарему ифтихор мекунем, ки дорои ҳамин гуна пойтахти зебои мамлакат ва инчунин шаҳри нозанин ҳастем. Аз ҷониби дигар шаҳри Душанбеи дилрабои мо ҳар моҳу ҳар ҳафта, ҳар соату ҳар лаҳза симои худро аз пештара боз ҳам зеботар месозад, ки ин ҳама шукуфоиву дигаргуниҳо босуръати баланд идома доранду Душанберо ба шаҳри маҳбуби қалбҳо табдил додаанд. Имрӯзҳо пойтахти азизамон маркази сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маънавии мамлакатамон ба ҳисоб рафта ҳамзамон тамоми манотиқи ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, ки он ба як макони баргузориву таҷлили чорабиниҳои зиёди сатҳи байналмилалӣ, маркази муколамаву гуфтушунидҳо, вохӯриҳои сатҳи хело ҳам олӣ бо мамлакатҳои зиёди хориҷӣ ва инчунин бародаршаҳрҳои бешумори худ маҳсуб меёбад. Вақте, ки мо шаҳрвандон дар кӯчаю хиёбонҳои ин шаҳри мубарро қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Рушди устувори пойтахти мамлакат, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии миллии давлат ва инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ҳадафмандона амалӣ гардидан ба ҳисоб меравад, гӯем ҳам ҳеҷ як иштибоҳе нахоҳем кард. Албатта, гуфтан ҷоиз аст, ки ҳама ободиву зебоӣ, қасру кӯшкҳо ва биноҳои муҳташам, гулгашту хиёбонҳо, иморатҳои шукуҳманди баландошёна – нишони умру кору заҳмати насли даврони истиқлол ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки маҳз иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонию зебогии шаҳри Душанбе бениҳоят бузург ва мондагор аст. Ин ҳама барои миллати куҳанбунёди мо, барои ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоламон ва тамоми сокинони пойтахт садсолаҳо бо мақсади нек хидмат хоҳад намуд. Ин ҳама корҳои неки насли давронсоз мебошад. Ба шарофати заҳматҳои содиқонаву пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ раванди созандагию бунёдкориҳо бомаром идома ёфта, тибқи дурнамои нақшаву барномаҳо на танҳо сол ба сол, балки рӯз то рӯз симои шаҳри Душанбе дигаргун гашта, 18 биноҳои баландошёнаву маъмурӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, маишӣ бунёд ёфта, гулгашту хиёбонҳои ҷадид ва майдону қасру кӯшкҳои бошукуҳ ба худ гӯиё қабои сабз ба бар намуда, пойтахтро сабзу гулпӯш мекунанд.  Дар фарҷом бояд қайд намоям, ки ҳамаи мо аз хурд то бузург муваззафем, ки бо дарки масъулият дар назди ҷомеа пойтахти ватанамон - шаҳри Душанберо дар оянда низ ҳамчун маркази ваҳдат, ризоияти ҷомеа, волоияти қонун ва дигаргунсозиҳои куллии сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию созандагӣ нигоҳ дорем!

Ту шаҳри илму ирфони - Душанбе,
Ту рамзи Оли Сомони - Душанбе.



14.07.2023 3447

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php