ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ДАР ФАСЛИ ТОБИСТОН АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ЭМИН МОНД? Дар Хуҷанд ба масъулин дар ин хусус огоҳӣ доданд


ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ДАР ФАСЛИ ТОБИСТОН АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ЭМИН МОНД? Дар Хуҷанд ба масъулин дар ин хусус огоҳӣ доданд

Бо мақсади пешгирӣ аз зуҳури бемориҳои сироятӣ дар фасли тобистон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд қарор ба тавсиб расид, ки мутобиқи он фурўши ғайриқонунӣ ва бидуни хулосаҳои санитарию эпидемологӣ пешкаш намудани молу маҳсулоти кремдор, нўшокиҳои ташнагишикан, пастсифат ва ғайристандартӣ, хўришҳои дар шароити хона омодакардашуда ва маводи қимаи дамкардашуда қатъиян манъ карда шуд, хабар медиҳат АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд.

Дар ин хусус зимни баргузории мулоқоти роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо масъулини бозорҳо, марказҳои савдо ва соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор, шириниҳо ва гӯштӣ машғул мебошанд, иттилоъ дода шуд.

Дар мулоқот сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхўҷа Воҳидов иброз дошт, ки баробари фарорасии фасли тобистон талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ, ташнагишикан ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гурўҳе аз соҳибкорон бо истифода аз фурсат дидаву дониста чунин маҳсулотро бидуни қоидаҳои беҳдоштӣ ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Ин амали ношоистаи онҳо сабаби ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани баъзе аз сокинон, хусусан кўдакону наврасон мегардад.

«Ҳадафи мулоқоти имрўза пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкорон ва дигар кормандоне, ки дар самт фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло дониста, ба чунин қонуншиканӣ роҳ надиҳанд»,- таъкид кард номбурда.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.

/АМИТ «Ховар»/.


29.05.2023 370

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php