ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ


ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

Санаи 25.05.2023 таҳти сарварии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид.

Дар оғози Шӯро кормандони Донишгоҳ, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ ҷашни зодрӯз доштанд, барои саҳми босазо ва назаррас гузоштанашон дар рушди кадрию тиббии соҳаи тандурустии мамлакат аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар кори Шӯро масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

1.      Пешниҳод ба унвони илмӣ.

2.      Ҳисоботи мудири кафедраи ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантология оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ аз давраи интихоб шудан ба вазифа.

3.      Ҳисоботи мудири кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ аз давраи интихоб шудан ба вазифа.

4.      Ахбор оид ба натиҷаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии курси 6-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ дар соли таҳсили 2022-2023.

5.      Ахбор оид ба корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ ва зисти донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар соли таҳсили 2022-2023.

6.      Ахбор оид ба тайёрии Раёсати таълимӣ-методӣ, деканатҳо, МААМ ва кафедраҳо ба имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсил 2022-2023.

7.      Масъалаҳои гуногун.

Дар кори Шӯро тибқи рӯзнома оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ дар кафедраи ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантологияи Донишгоҳ ҳисоботи мудири кафедра н.и.т., дотсент Гулшанова С.Ф. (ҳаммаърӯзачӣ д.и.т. Даминова Н.М.), оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ дар кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехтаи Донишгоҳ ҳисоботи мудири кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехтаи Донишгоҳ д.и.т., профессор Бердиев Р.Н. (ҳаммаърӯзачӣ д.и.т., дотсент Маликов М.Х.), оид ба натиҷаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии курси 6-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ дар соли таҳсили 2022-2023 ахбори сардори шуъбаи ҷистеҳсолии Донишгоҳ н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ., оид ба тайёрии Раёсати таълимӣ-методӣ, деканатҳо, Маркази аттестатсия ва аккредитатсияи муҳассилин ва кафедраҳо ба имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсил 2022-2023 ахбори муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии Донишгоҳ д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. шунида шуданд.

Дар қисми масъалаҳои гуногун масоили сарфароз намудани роҳбарони симпозиумҳо ва ғолибони озмуни Ҷамъияти илмии донишҷӯён, ки 28.04.2023 баргузор гардида буд, тасдиқ намудани Низомномаи Шӯрои олимони Донишгоҳ, ворид намудани тағйироту иловаҳо дар ҳайати Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мавриди муҳокима ва баррасии ҷиддӣ қарор дода шуд. Дар хотимаи кори Шӯро масъалаҳои мазкур бо муҳокимарониҳои судманд баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои фаъолияти босамари Донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Давлатёр Валиев

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 

Алишод Ворисов

сардори шуъбаи коргузории Хадамоти ректор

 


25
23
24
22
21
20
19
18
16
17
14
15
13
12
11
10
9
8
5
4
3
2
1
25.05.2023 421

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php