ДАСТАИ БОНУВОНИ ВОЛЕЙБОЛБОЗИ ДОНИШГОҲ БО ҶОМ ВА ДИПЛОМ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД


ДАСТАИ БОНУВОНИ ВОЛЕЙБОЛБОЗИ ДОНИШГОҲ БО ҶОМ ВА ДИПЛОМ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Мувофиқи банди 14-и Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №719 дар бораи Нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023 бо мақсади дар сатҳи баланд, таҷлил намудани “Рӯзи Модар” тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон аз 4 то 19 марти соли 2023, баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе» идома ёфт.

Дастаи бонувони волейболбози Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки аз ҳисоби ассистентон ташкил шудааст, дар мусобиқаи варзишӣ бо дастаҳои бонувони волейболбози муассисаву идораҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Дастаи бонувони волейболбози Донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишии ғайрикасбӣ бо Дипломи кумитаи тадорукот сарфароз гардид. Ҳамчунин, Дастаи бонувони волейболбози Донишгоҳ 18-уми майи соли 2023 бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» барои иштироки фаъолона ва пирӯзӣ дар мусобиқаи варзишии дохилидонишгоҳӣ ва иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ бо Ҷом ва Диплом қадрдонӣ карда шуданд.

Раиси Шӯрои занон ва духтарони МДТ ДДТТ, д.и.т Усманова Г.М.



5
4
3
2
1
18.05.2023 184

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php