Вакилони парлумони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба дафтари «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ташриф оварданд


Вакилони парлумони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба дафтари «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ташриф оварданд

Дар Тоҷикистон зидди бемории сил барномаҳои зиёде бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ амал мекунанд.</i> Дар Тоҷикистон зидди бемории сил барномаҳои зиёде бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

17-уми май як қатор вакилон, роҳбарони муассисаҳои зиддисилӣ, ташкилотҳои байналхалқиву ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба дафтари “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ташриф оварданд.

Нахуст, меҳмонон бо фаъолияти Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон дар самти пешгирӣ, дарёфт, табобату дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи сил шинос шуда, ҳамзамон бо сафирони пешгирии сил, ҳунармандони шинохтаи кишвар ва аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: нест бод сил”-и Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон - Нозия Кароматулло, Муқимҷон Абдуфаттоев, Олиҳаи Муҳаббат, Ҳабиб Ҳакимов ва Абдураҳим Набиев (Бобои Мерган) суҳбат намуданд.

Дар зимн, вакилони парлумони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо усулҳои навоваронаи ташхис, табобат, ғамхорӣ ва маълумотнокӣ дар Тоҷикистон дар самти сил низ шинос гардиданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби сафирони пешгирии сил ва аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: нест бод сил” Муқимҷон Абдуфаттоев, Абдураҳим Набиев (Бобои Мерган) ва Далер Раҳмонзода дар доираи ташрифи онҳо ба дафтари Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон барномаи озоди фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба меҳмонон писанд омад.

Бояд гуфт, ки ташрифи онҳо ба дафтаи Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доир ба бемории сил ва Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма, ки аз 16-18-уми майи соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт.

 


17.05.2023 435

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php