ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Санаи 24.05.2023 таҳти сарварии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар оғози Ҷаласа ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. директори Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ н.и.т., дотсент Ғаниев Хуршед Абдуалиевичро ба ифтихори ҷашни фархундаи 60-солагиашон бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карданд.

Қобили қайд аст, ки Ғаниев Хуршед Абдуалиевич баъди хатми факултаи биологияи ДДОТ дар соли 1985 ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуда, то соли 1994 ба сифати омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт фаъолият намудааст. Мавсуф пас аз таҷрибаи ғанӣ андӯхтан аз соли 1994 тақдири ояндаи худро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино пайваст ва таълиму тарбияи мутахассисони ҷавону ояндаи соҳаи тибро як самти муҳими фаъолияти касбии хеш қарор дод ва тӯли солҳо бо меҳнати софдилона ва дониши қавии касбӣ ҳурмату эҳтироми ҳақиқии ҳамкасбон ва шогирдонро сазовор гашт. Ғаниев Хуршед Абдуалиевич дар Донишгоҳ фаъолиятро аз ассистентии кафедраи физиологияи эътидолӣ сар карда, то мартабаҳои дотсентӣ, ҳамзамон директори Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ сабзида расидааст. Номбурда олими сермаҳсул буда, муаллифи беш аз 120 таълифоти илмӣ, аз ҷумла, 1 китоби дарсӣ, 13 патент ва 6 дастури илмӣ-методӣ мебошад.

    Дар кори ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1.      Ҳисоботи мудири кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ аз давраи интихоб шудан ба вазифа.

2.      Ахбор оид ба натиҷаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии курси 6-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ дар соли таҳсили 2022-2023.

3.      Масъалаҳои гуногун.

Оид ба масъалаи якум - корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ дар кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта - ҳисоботи мудири кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехтаи Донишгоҳ д.и.т., профессор Бердиев Р.Н. ва оид масъалаи дуюм - натиҷаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии курси 6-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ дар соли таҳсили 2022-2023 ахбори сардори шуъбаи ҷистеҳсолии Донишгоҳ н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ. шунида шуданд.

Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо мақсади иҷрои ҳадафҳо, вазифаҳо, нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025» вобаста ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ, назорати таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ дар давраҳои дахлдор, ки аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ муқаррар карда мешаванд ва самаранокии он, дар умум, оид ба фаъолияти хуби Донишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қисми масъалаҳои гуногун ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба фаъолияти тарбиявӣ ишораҳо карда, ҷиҳати назорату танзими либоси тавсиявии донишҷӯёну кормандон, хоса, корбарии ҷиддӣ бо донишҷӯдухтарони сатрпӯш ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ қайд карданд, ки назорату таҳкими корҳои тарбиявӣ танҳо вазифаи муовинати тарбиявӣ набуда, дар ин самт тамоми кормандону омӯзгорон масъулу вазифадор мебошанд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 

Ворисов Алишод

сардори шуъбаи коргузории Хадамоти ректор

 


5
4
3
2
1
24.05.2023 395

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php