“То як тарона ҳаст, ҷавонӣ намеравад”


“То як тарона ҳаст, ҷавонӣ намеравад”

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ ва фарҳангиву ободонии кишвар бештар намуд. Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ва ҳамин аст, ки ҳамасола дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Имсол низ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна чорабиниҳо дар саросари кишвар роҳандозӣ гардидааст.

Санаи 19-уми майи соли равон дар асоси мактуби воридотӣ ва Нақшаи омода намудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», декани донишӯёни хориҷӣ, факултети фармасевтии Донишгоҳ  ва аъзои дастаи “Шифо” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Рӯдакӣ» барномаи хуби фарҳангию маърифатӣ иборат аз  шеъру сурудҳои марғуб дар мавзӯоти ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҷавонию муҳаббат бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ, ҳиндӣ, қазокӣ, туркию туркменӣ роҳандозӣ шуд, ки ба меҳмонону сокинони пойтахт хуш омад. Чорабинӣ давоми 90 дақиқа баргузор гардида, аъзои дастаи «Шифо» бо суруду таронаҳои марғуби худ табъи истироҳаткунандагони боғро дучанд хуш намуданд. Ҳамагон мерақсиданду шодӣ мекарданд. Ва шукронаи сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти миллии ватани азизамонро менамуданд.

Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти боғи мазкур ба раёсати Донишгоҳ, хусусан Ректори муассиса муҳтарам Гулзода М.Қ. ва  ташкилкунандагони чунин як барномаи хуби фароғатӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Бахши маркетинги иҷтимоии

 Хадамоти ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»

                                                         
20.05.2023 262

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php