ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ХАТМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ХАТМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар асоси «Низомномаи аттестатсияи хатм», бандҳои 73 ва 111-и «Оиннома»-и Донишгоҳ Ҷадвали имтиҳони хатми давлатии курсҳои 6-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ ва курсҳои 5-уми факултетҳои стоматологӣ ва фармасевтии Донишгоҳро барои соли таҳсили 2022-2023 тасдиқ карда, Комиссияи аттестатсионӣ ташкил намудааст.

Мувофиқи Ҷадвали имтиҳони хатми давлатии курсҳои 6-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ ва курсҳои 5-уми факултетҳои стоматологӣ ва фармасевтии Донишгоҳ имтиҳони хатми давлатӣ аз 22.05.2023 оғоз гардида, то 27.05.2023 идома меёбад. Имтиҳони хатми давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ дар ду давр, даври якум имтиҳони шифоҳӣ ва даври дуюм имтиҳони тестӣ гузаронида мешавад. Дар рӯзи нахустини баргузории имтиҳони хатми давлатӣ раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти сарварии Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имтиҳони хатми давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли таҳсили 2022-2023 бо шаффофият ҷараён дорад ва таҳти назорати бевоситаву ҷиддии роҳбарият ва раёсату шуъбаҳои дахлдори Донишгоҳ қарор дорад.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 

 

 


8
o-ozi-imti-on-oi-khatmi-davlat-dar-ddtt-ba-nomi-abual-ibni-sino-4
5
1
2
3
6
7
22.05.2023 539

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php