«ПРЕЗИДЕНТ, ҶАВОНОН ВА ИЛМИ МУОСИР»


«ПРЕЗИДЕНТ, ҶАВОНОН ВА ИЛМИ МУОСИР»

Имрӯз, 23.05.2023 дар толори «Сино»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷиҳати иҷрои банди 10-и Нақшаи чорабиниҳои сиёсию байналмилалӣ, фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба 23-юми май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.04.2023, №10442 (26.3) тасдиқ шудааст, Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Президент, ҷавонон ва илми муосир» ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, сарбозону афсарон, волонтиёрон ва ҷавонони фаъоли кишвар, дар маҷмӯъ, бештар аз 1400 нафар ташкилу гузаронида шуд.

Дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Президент, ҷавонон ва илми муосир» ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод Парвина Инноятулло, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, директори Институти иқтисодиёти миллӣ ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирзода Ҷалил Сафар ва ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун оид ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла, дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри фаъолу ташаббускор ва ояндасози давлату ҷомеа, таъмини зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҷавонон, имтиёзу кафолатҳои давлатии баробар дар дастрасӣ ба ҳуқуқу озодиҳо, нақш ва мавқеи ҷавонон дар ташаккулу рушд ва таҳкими арзишҳои олии Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзу буми мамлакат, идоракунии низоми навини миллии давлатдории халқи тоҷик, тақвияти муносибатҳои сиёсати дохилию хориҷӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони сулҳмеҳвар дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ намуданд.

Маврид ба қайд аст, ки дар Тоҷикистони ҳуқуқбунёд сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар меҳвари он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату ватандӯст ҷой дорад. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеаву давлат ва қишри ояндасозу пешбарандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони Тоҷикистон номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш буда, давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ин қишри созандаву ободгари ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд андешида, ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи онҳо аҳамияти зарурӣ медиҳанд. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба Истиқлоли комил расидан сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардида, як зумра қонуну қарор, барномаву стратегия, консепсияҳо, дар маҷмуъ, қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон қабулу марҳила ба марҳила амалӣ карда шуданд, ки ҳадафи онҳо ба таълими ҳаматарафа фаро гирифтани ҷавонон, роҳи васеъ кушодан ба фаъолияи самарабахши мутахассисони ҷавон, таъмини шароити арзандаи зисту истироҳат, мақсадноку ҳадафмандона тайёр намудани кадрҳои донишманду соҳибмалака аз ҳисоби ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад. Дар Тоҷикистони ҳуқуқбунёду дунявӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Мақсади таҳияву қабул ва таҳкими қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ин мусоидат ба инкишофи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ ва ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин, ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо мебошад. Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо дарки баланди масъулият ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои мазкур аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон саҳми арзишманд мегузоранд. Аз ин ҷост, ки дастоварду нишондодҳои Донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба тадриҷ васеъ ва назаррас гардида, нишондиҳандаҳои илмиву таълимии олимони ҷавону донишҷӯёни таълимгоҳ беҳтар мегарданд ва кӯшишҳои роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб давоми солҳои охир натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Ҳамин тавр, дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.  Ҳамин аст, ки имрӯз саҳм ва нақши ҷавонон дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегардад ва сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ ёфта, корномаҳои ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳо назаррас мебошанд. Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд бошанд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


14
8
15
16
17
5
3
10
9
6
1
4
2
11
18
20
21
12
7
23.05.2023 491

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php