ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ГУЛЗОДА М.Қ. ДАР ФОРУМИ ҚАЗОН – 2023 «РОССИЯ – ҶАҲОНИ ИСЛОМ»


ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ГУЛЗОДА М.Қ. ДАР ФОРУМИ ҚАЗОН – 2023 «РОССИЯ – ҶАҲОНИ ИСЛОМ»

Аз 18-ум то 20-уми майи соли 2023 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар доираи Форуми Қазон – 2023 таҳти унвони «Россия – ҷаҳони Ислом» Иҷлосияи «Ҳамкории кишварҳои Ташкилоти ҳамкориҳои исломӣ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазирони илму маорифи кишварҳои аъзо, ректорону ходимони илмӣ, аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ иштирок намуданд.

Профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар маърӯзаи худ ҷиҳати татбиқи зеҳни сунъӣ дар ҷараёни таҳсилот, таҳқими ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ дар доираи барномаву нақшаҳои муштарак ва интегратсияи таҳсилотро дар сатҳи кишварҳои Ташкилоти ҳамкориҳои исломӣ пешниҳод намуданд ва аз ҷониби спикерони Форум дастгирӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар доираи Форум байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи федералии Қазон аз ҷониби ректорони муассисаҳо Гулзода М.Қ. ва Сафин Л.Р. созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Донишгоҳи федералии Қазон яке аз муассисаҳои бонуфузтарини Федератсияи Россия маҳсуб ёфта, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти таҳсилоти тиббӣ ва таҳқиқоти илмӣ мувофиқи мақсадҳои стратегӣ буда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва боло рафтани мавқеи байналмилалии Донишгоҳ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки Форуми Қазон – 2023 «Россия – ҷаҳони Ислом», ки бештар аз 16000 нафар намояндагонро аз 80 кишвари дунё ба ҳам оварда, ҳамчун майдони васеи омӯзишӣ, шиносоӣ, мубодилаи афкор ва заминаи рушди ҳамкориҳо мавқеъ касб намуд. Ҳамчунин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар Иҷлосияи самти тандурустӣ фаъолона иштирок карда, аз рафти ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ натиҷагирӣ намуданд.

 

Хадомоти ректор


3
2
1
22.05.2023 382

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php