ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Аз санаи 16-ум то 20-уми майи соли 2023 дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» таҳти роҳбарии дотсенти кафедра, куратори гурӯҳи 7-уми факултети педиатрӣ Абдуллоева Н.А. ва ассистенти тарбиявӣ, куратори гурӯҳи 6-уми факултети педиатрӣ Ашурова Н.П. дарси кушод дар мавзӯи: “Фарҳанги сулҳ ва ваҳдати миллӣ” бо иштироки кормандони кафедра ва донишљӯёни курси 3-юми гурӯҳҳои 9, 40-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишљӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун бо забони давлатӣ ва инчунин наворҳои видеои ва саҳначаҳо пешкаши ҳамагон намуданд.
«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».
Эмомалӣ Раҳмон
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯзе, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ дастнадодаст! Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаассифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.
Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.
Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.
Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.
Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.
Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона