Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ


Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

“Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд,  ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намоянд”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

        

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки  бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавоноӣ ва умед мебахшад.    

Бешубҳа, дар чунин шароит зарур аст, ки асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқӣ манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд. Барои насли ҷавони имрӯз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳама гуна манфиатҳо бартарӣ дошта, бо роҳу усули муосиру ҷавобгӯ ба талаботҳо онҳо пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад.

Имрӯз мо дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва дар ин раванд манфиатҳои давлатҳои хурд аз байн меравад ва давлатҳои абарқудрат кӯшиш менамоянд манфиатҳои хешро дар давлатҳои рӯ ба рушд пиёда созанд. Дар замони  рушду инкишоф ва пешрафти давлат аз чунин омилҳои захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, пешрафти илмию техникӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри бонуфуз, захираи патенсионалии  давлат ва ҳифзкунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар замони муосир, ки илму техника ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ  асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд, зеро танҳо ҷавони донишманд метавонад манфиатҳои миллию давлатиро ҳифз намояд ва рушди давлат ва ҷомеаро таъмин созад. Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.

Ҷавонон имрӯз дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, муқаддасоти давлатӣ, истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, таҳким бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон саҳм гузошта истодаанд.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Аз нигоҳи  гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, онҳо аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, ки бо ин васила ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран, ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд. Ин воқеияти талх мо ҷавононро водор менамояд, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни ҳамсолони хеш зиёд намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос моро мебояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашавем ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоем. Дар ин замина тамоми сохторҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятиро  мебояд то  таваҷҷуҳи асосии хешро ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон равона сохта, барои баланд бардоштани ҳисси  ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон саҳмгузор бошанд. Ин вазифаи муқаддас бояд кори ҳаррӯзаи оила, макотиб, ниҳодҳои дахлдор ва тамоми аҳли ҷомеа бошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, масъалаҳои манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои асосии рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.  Имрӯзҳо масоили таъмини манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байниналхалқӣ ва дар сиёсати хориҷии кишварҳои ҷаҳон нақши бузургро бозида, ҳар давлату миллат кушиш дорад, ки онҳоро ҳимоя намояд.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлати  худ  ҳамеша омода  бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару бузургтар меистанд.

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

 

Кафедраи физиологияи патологӣ


22.05.2023 309

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php