«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН»


«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН»

Имрӯз, 20.05.2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бахшида ба ҳафтаи ҷавонон ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки кормандондону омӯзгорон ва донишҷӯён ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» гузаронида шуд. Бо саҳмгузории кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён дохил ва гирду атрофи бинои асосии маъмурию таълимӣ, Майдони назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино, Маҷмааи таълимии шаҳраки “Шифобахш”, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, боғгулгаштҳо, хобгоҳҳо, воҳидҳои дигари сохтори Донишгоҳ ва роҳу кӯчаҳои ҳамшафати он воқеъ дар хиёбонҳои Сино, Рудакӣ, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоии ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тозаву озода карда шуданд. Дар ин ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» дарахтон, буттаву гулҳо ва сабзазорҳо ба тартиб дароварда шуда, сабзазорҳо, гулгаштҳо, кӯчаву роҳҳои ҳамшафати Донишгоҳ аз партобҳо поку рутубатнок карда шуданд.

Ҳамчунин, дар партави иқдоми ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе корҳои гулпӯшнамоӣ ва сабзухаррамгардонӣ дар Донишгоҳ идома дорад.

Ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегиҳо дар Донишгоҳ доимӣ буда, аҳли кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат, сабзу хуррамгардонии муҳити таълимгоҳ ва истиқомати шаҳрвандон, бадин васила дар ободию гулгушукуфоии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе пайваста дастаҷамъона саҳм мегузоранд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 

 


10
7
6
8
5
4
3
2
1
20.05.2023 342

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php