КОНГРЕССИ ЯКУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НЕЙРОҶАРРОҲОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР СОҲАИ НЕЙРОҶАРРОҲӢ”


КОНГРЕССИ ЯКУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НЕЙРОҶАРРОҲОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР СОҲАИ НЕЙРОҶАРРОҲӢ”

Мутобиқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷ.А., аз 11.05.2023 таҳти №299 бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи ҷарроҳии асаб аз 18.05.2023 то 20.05.2023 дар бинои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” Конгресси якуми байналмилалии нейроҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи нейроҷарроҳӣ” гузаронида мешавад. Дар Конгресси якуми байналмилалии нейроҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи нейроҷарроҳӣ” ходимони сиёсию ҷамъиятӣ ва олимону табибони варзидаи соҳаи нейроҷарроҳӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистону кишварҳои хориҷи дуру наздик иштирок намуда, оид ба дастовардҳо, масаъалаҳои ҷойдошта, дурнамои соҳаи нейроҷарроҳӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Маврид ба қайд аст, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори дигар бахшҳои соҳаҳои тандурустӣ, муҷаҳҳазгардонии соҳаи нейроҷарроҳӣ бо дастгоҳу технологияи муосир имконият фароҳам гардида, ташхису табобати беморони асаб ва гузаронидани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон имконпазир гардидааст. Дастпарварони мактаби нейроҷарроҳии тоҷик дар қатори пешрафтатарин олимони сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифта, ба ниёзмандони ин соҳа чӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии кишвар ба таври оҷилу нақшавӣ ба гузаронидани мураккабтарин амалҳои ҷарроҳӣ мушарраф гардидаанд. Ҳадаф аз гузаронидани ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ пешниҳоди дастовардҳои ворисони ҳақиқии Сино ва таҳлилу баррасии масъалаҳои ҷойдоштаи ин мураккабтарин соҳаи ҷарроҳӣ-нейроҷарроҳӣ мебошад.

Тавре аз барномаи Конгресси якуми байналмилалии нейроҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи нейроҷарроҳӣ” бармеояд, ҷуғрофияи иштирокчиёни Конгресс васеъ буда, дар он саршиносон ва олимони варзидаи ватанӣ ва меҳмонони Конгресс аз Ҷумҳуриҳои Финландия, Ферератсияи Руссия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар иштирокчиён ба таври онлайн ва офлайн табодули назар ва мубодилаи мутақобилан судманди амалӣ менамоянд.

Дар фароҷоми кори Конгресс Резолютсия қабул мегардад, ки он барои беҳтар гардидани сатҳу сифати нейроҷарроҳӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат менамояд.

 

Валиев Д. - рӯзноманигори Хадамоти ректор

Ворисов А.А.- сардори бахши коргузории Хадамоти ректор


18.05.2023 426

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php