ТАҶЛИЛИ ҲАФТАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


ТАҶЛИЛИ ҲАФТАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Санаи 18.05.2023 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва ҳафтаи ҷавонон чорабинии муштараки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикстон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Умед, муовини калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёии Тоҷикистон Шарифзода Додхудо, сармутахассиси дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ализода Далер, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дониҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа, муовини раиси Кумитаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Умед, муовини калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёии Тоҷикистон Шарифзода Додхудо ва дигар меҳмонону устодон иштирок намуда, оид ба саҳм ва нақши ҷавонон дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар, дастгирии ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон соҳибистиқлолу дунявӣ баромад карданд.

Зимни баромади муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа қайд карда шуд, ки: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба Истиқлолияти комил расидани ҷумҳуриамон сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун як самти афзалиятнок пеш бурда, дар ин росто як зумра қарорҳои муҳим ва барномаҳои мушаххаси давлатиро амалӣ намуданд, ки ҳадаф аз онҳо ба таълими ҳаматарафа фаро гирифтани ҷавонон, роҳи васеъ кушодан ба фаъолияи самарабахши мутахассисони ҷавон, таъмини шароитҳои зист, истироҳат ва таҳсил барои насли ҷавон ва ҳарчи бештар ба кору фаъолияти мақсадноку ҳадафманд тайёр намудани ҷавонони имрӯза мебошад».

Дар ҳақиқат, ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеаву давлат ва қишри ояндасозу пешбарандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони Тоҷикистон номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш буда, давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ин қишри созандаву ободгари ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба Истиқлоли комил расидан сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятнок муайян шуда, як зумра қонуну қарор, барномаву стратегия, консепсияҳо ва дар маҷмуъ, қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон қабулу марҳила ба марҳила амалӣ карда шуданд, ки ҳадафи онҳо ба таълими ҳаматарафа фаро гирифтани ҷавонон, роҳи васеъ кушодан ба фаъолияи самарабахши мутахассисони ҷавон, таъмини шароити арзандаи зисту истироҳат ва таҳсил барои насли ҷавон ва ҳарчи бештар ба кору фаъолияти мақсадноку ҳадафмандона тайёр намудани ҷавонони имрӯза мебошад. Имрӯз дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аввалин бор ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, янъе, 13-уми марти соли 1992 ба тасвиб расид, ки заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.

Муовини раиси Кумитаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Умед зимни баромади худ иброз намуданд, ки: «Ҷавонони Тоҷикистон номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш буда, давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ин қишри созандаву ободгари ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешад».

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.  Ҳамин аст, ки имрӯз саҳм ва нақши ҷавонон дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд ва сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ ёфта, корномаҳои ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим назаррас мебошанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар асри бистуяк пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб рафта, бо доназдошти ҳамин мақсадҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меоранд.

Пас, ҷавононро мебояд, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёву шинохти арзишҳо ва манфиатҳои миллию давлатӣ аз таваҷҷӯҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар ҳанӯз 23.05.2013 қайд намуда буданд, ки: «Мо иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаем».

Дар шароити имрӯза баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони арзандаи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, гузаштан ба усулҳои замонавии таълим, бедор кардани маърифати техникии ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад, зеро танҳо бо илму дониш, ақлу заковат, ихтирооту навоварӣ дар назди аҳли башар метавон сарбаланд шуд.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷиҳати иҷроиши ин ҳадафҳо бо тамоми масъулият дар кори таълиму тарбияи донишҷӯён аз шароиту имкониятҳо истифода бурда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон кӯшишу талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Аз ин ҷост, ки дастоварду нишондодҳои Донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба тадриҷ васеъ ва назаррас гардида, нишондиҳандаҳои илмиву таълимии олимони ҷавону донишҷӯёни таълимгоҳ беҳтар мегарданд ва кӯшишҳои роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб давоми солҳои охир натиҷаҳои мусбӣ дода, ба як қатор дастовардҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ оварда расондааст.

Дар чорабинӣ донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ноҳиявию донишгоҳӣ иштирок карда, ҷойҳои фахриро ишғол кардаанд, инчунин, дар пешбурди корҳои тарбиявӣ ва фаъолияти самараноки Донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи хотиравии молию пулии раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки нақши ҷавонони сарбаланди тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо, хоса, таҳкими арзишҳои олии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи суботу оромӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ муҳим арзоёбӣ мегардад. Истиқлоли давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, ҷавонон ба қадри он расанд ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморанд. Дар замони муосир дар рушду инкишофи давлат ҷавонон нақши муҳим доранд ва умеду такягоҳи давлату миллатанд. Воқеан, ҷавонон муҳофизони Ватан ва амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва такягоҳи асосию боэътимоди давлату миллат мебошанд. 

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 

 

 


17
16
15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
18.05.2023 454

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php