Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони давлатҳои G5 иштирок намуд


Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони давлатҳои G5 иштирок намуд

 Бо мақсади иштирок дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони сатҳи баланди давлатҳои G5 «Оид ба рушди соҳаи тандурустии ба КАТС асосёфта, бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои тавассути сарҳад интиқолёбанда» аз 6 то 10 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Дар доираи сафари корӣ бо роҳбарияти якчанд сохтори соҳавии ин давлат мулоқот анҷом дода шуд. Зимни вохурӣ бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Эйнуллоҳӣ ба густариши ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ карда шуд. Махсусан ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо Холдинги истеҳсолии «Баркат» оид ба ҳуҷайраҳои дармонӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина, пешниҳод карда шуд, ки вохӯриҳо тавассути системаи телетиб ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон дар асоси имтиёзҳои муайян омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии тиббии шаҳри Теҳрон дар вохӯриҳо бо роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии шаҳри Теҳрон баррасӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарматсия ва таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо роҳбарияти ширкати «Хиша фармасютикал Ко.» ва гузаронидани тадқиқот барои истеҳсоли минбаъдаи маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши мамлакат зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тибби суннатии Эрон ва ширкати «Табобат бо гиёҳҳои шифобахш» пешниҳод карда шуд.

Дар ин замина, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти суғуртаи тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба омӯзиши таҷриба барои ворид намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва гузаронидани вохӯриҳо тавассути системаи телетиб баррасӣ гардид.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни сохторҳои алоқаманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Беморхонаи маҷмаавии хоби шаҳри Теҳрон оид ба масъалаҳои хоби тиббӣ ва мушкилиҳои он, аз ҷумла омода намудани мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Эрон дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Беморхонаи маҷмаавии хоби шаҳри Теҳрон мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дода шуд.

 /АМИТ «Ховар»


18.05.2023 324

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php