ВОХӮРӢ ОИД БА ТАТБИҚИ САМАРАНОКИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025 ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ


ВОХӮРӢ ОИД БА ТАТБИҚИ САМАРАНОКИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025 ДАР  ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

Санаи 17.05.2023 дар толори «Сино»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ҷаласаи вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Рудакӣ, Варзоб, шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат, муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ, коллеҷҳо, ҳайати кормандони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони дин, имомхатибони масҷидҳои шаҳри Душанбе ва ҷамоати шаҳраку деҳотҳои гирду атрофи он ва дигар вазорату идораҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Бо мақсади равшанӣ андохтан ба мавзӯи чорабинӣ - татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баромад карда, масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, хавфу хатарҳои ин падидаҳои харобиовар ба амнияти давлату миллатро шарҳ доданд.

Зимни баромади муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар зикр гардид, ки дар муқовимат ба экстремизму терроризм дар баробари он ки вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошад, инчунин, вазифаи шаҳрвандии ҳар як нафар аст ва шаҳрвандон бояд бо мақомоти давлатӣ ҳамеша ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин, ба авзои нороми минтақа ишораҳо карда, таъкид намуданд, ки мо бояд ба қадри суботу оромӣ бирасем ва барои ҳифзу таҳкими арзишҳои умумимиллию умумидавлатӣ талош намоем.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат баромад карда, моҳияти вохӯрӣ ва аҳамияти таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, роҳҳои муқовимат ба экстремизму терроризм ва дигар масъалаҳои мусоидаткунандаи таҳкими ваҳдату амнияти давлату миллатро шарҳ доданд. Зимни баромади мавсуф қайд карда шуд, ки ин сулҳу суботи комил ба ивази ҷоннисорию қаҳрамониҳои ҳазорон нафар родмардони ватандӯсти кишвар ба даст омадааст ва мо бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамчунин, зимни баромади муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майoр Мирзозода Нусратулло Неъмат омилҳое, ки ба суботу оромии давлату ҷомеа таъсири бад мерасонанд, бо далелу мисолҳои возеҳу равшан шарҳу тафсир дода шуд. Қайд гардид, ки бетартибию беназмӣ, вазъи мураккаби минтақа, ба ном исломикунонӣ, вазъи рӯҳию равонӣ ва манавиёти миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии ба суботу амният халалрасонанда мебошанд. Дар робита ба ин, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи ин омилҳои номатлубро бигирем.

Дар идомаи суҳбати муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат масъалаҳои хурофоту бегонапарастӣ шарҳ дода шуд. Номбурда бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки хурофотпарастӣ ин ҷаҳолат аст. Абарқудратҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ бо шиорҳои бофта ва суйистифода аз аҳкомҳои динӣ, инчунин, ҳуқуқи инсон, озодии баён ва дигар масоили фитнаангезона истифода карда, мехоҳанд, вазъро ноором созанд. Дар ин маврид мо бояд арзишҳои диннию миллиро ба манфиати миллат истифода намоем. Таҳлили таҷрибаи баъзеи гурӯҳои террористию экстремистӣ нишон медиҳанд, ки аз миллатҳои гуногун муттаҳид шуда, бо истифода аз дин ҳокимиятро ба даст меоранду баъдан, бо ҳадафи амалӣ намудани мақсадҳои аслии террористии худ танҳо манфиати як миллатро ба инобат мегиранду бар манфиати он амал мекунанд (дар мисоли ҳаракати Толибон).

Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат ба масъалаҳои мазҳабӣ бо истифода аз фактҳои таърихӣ диққати иштирокдоронро ҷалб намуда, тазаккур дод, ки оқибати ҷангҳои мазҳабӣ хунрезӣ буда, дар ин масир нақш ва ё ба истилоҳи дигар истифодашавии рӯхониён дида мешавад. Мо бояд ин масъаларо дурандешона дарк карда тавонем. Мавсуф дар идома ба масъалҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ дахл карда, иброз доштанд, ки таълимоти ғайриқонунии динӣ яке аз омилҳои пайвастшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ мебошад. Равияи салафия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати экстремистию террористӣ эълон шудааст ва маоилгардонӣ ва зиёшавии гаравидани шаҳрвандон ба равияи салафия омили дигари хатаровар ва таъсиррасон ба амнияти давлату миллат мебошад.

Аз ҷониби муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе аз имомхатибон ва ходимони динӣ ба риштаи таҳлилу танқид кашида шуд. Қайд карда шуд, масъалаҳои мавъиза, ки фарогири таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, хизмат ба давлату миллат, ахлоқи ҳамида ва тақвияти корҳои ободони созандагӣ мебошанд ва пайваста аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба имомхатибон ва ходимони дин ҷиҳати шарҳ дар ҳузури оммаи васеи намозгузорон пешниҳод мешаванд, ба таври зарурӣ шарҳ дода намешаванд ва дар ин росто аз ҷониби бархе аз имомхатибон ва ходимони динӣ саҳлангорӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар робита ба ин, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат ба имомхатибону ходимони дин пешниҳод намуд, ки бояд худ қонунгузориро дуруст дарк намуда, ба намозгузорон фаҳмонанд, барои ошкору пешгирии таассубу хурофотпарастӣ, пешгирӣ ва дарёфти адабиёти хусусияти ифротгароидошта бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоянд, масъалаҳои ободонию созандагӣ ва хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷомеа таблиғ намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон баромад карда, бо такя ба ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти таъмини ҳифзи суботу оромӣ, инчунин, муқовимат ба экстремизму терроризм ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки абарқудратҳо бо истифода аз дин ва таблиғоти бофтаву бардуруғ, яъне, фатвои “ҷиҳод”, “шаҳодат” ва баҳонаи биҳишт нафарони зиёдро фирефта карда, ба коми марг мебаранд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон дар назди имомхатибону олимони дин вазифа гузошт, ки ин масъалаҳои ҳасосро ба намозгузорон дурусту равшан фаҳмонанд. Ҳамчунин, номбурда дар баробари шарҳи масоили ҳаҷу хурофотпарастӣ ва тақлидкорӣ иброз дошт, ки Ислом набояд ба ғаразҳои сиёсӣ суйистифода шавад.

Ҳамин тавр, дар хотимаи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷиҳати татбиқи самараноку мақсадноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ибрози назар намуда, зикр кард, ки бояд ин Стратегия дастури болоимизии ҳар як корманд бошад ва барои амалигардонии он ҳамагон талош намоем.

 

Валиев Д. - рӯзноманигори Хадамоти ректор

Ворисов А.А.- сардори бахши коргузории Хадамоти ректор


10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
17.05.2023 433

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php