ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЧАҲОРУМ


ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ  КУРСИ ЧАҲОРУМ

Санаи 16-уми маи майи соли ҷорӣ дар Толори “Сино”-и Бинои маъмуриву таълимии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" вохӯрии ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино" д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо донишҷӯёни курси чаҳоруми ҳамаи факултетҳо баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ, кормандони Раёсати Донишгоҳ ва деканҳо ва муовинони деканҳои факултетҳо иштирок намуданд.

Сараввал, ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки Раёсати Донишгоҳ баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбия, таҳқиқотҳои илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ фаъолият менамояд. Тибқи нақша-чорабиниҳо Раёсати Донишгоҳ ҳамасола бо донишҷӯён ва муҳассилини ҳамаи курсу факултетҳо суҳбату вохӯриҳо доир намуда, аз дастовард ва масоили ҷойдоштаи онҳо аз наздик ошно мегардад.

Имрӯз донишҷӯёни курси чаҳорум, ки мо бо онҳо вохӯрӣ доир менамоем, дар марҳалаи омодагӣ ба гузариш ба курси панҷум қарор доранд ва барои донишҷӯёни факултетҳои стоматологӣ ва фармасевтӣ гузариш ба курси охир, ки давраи омодагӣ ба супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва хатми Донишгоҳ мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар дақиқаро ғанимат дониста, ба азхудкунии аосҳои илми тиб машғул шаванд то ба номи пуршарафи донишҷӯ ва хатмкунандаи ин боргоҳи хирад ва ворисии ҳақиқии Синои оқил сазовор бошанд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки рӯзҳои наздик донишҷӯёни курси чаҳорум ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда мешаванд, ки онҳо бояд бештар бо беморон сару кор дошта бошанд.

Тибқи анъана дар Донишгоҳи тиббӣ ба донишҷӯёне, ки ба тариқи хубу аъло таҳсил менамоянд ва дар корҳои ҷамъиятии Донишгоҳ ва чорабиниҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд, холҳои мотиватсионӣ дода мешавад. Ҳамасола тибқи шартнома теъдоди зиёди муҳассилин дар доираи ҳаскориҳои мутақобилан судманд барои идомаи таҳсил ба хориҷи дуру наздик фиристода мешаванд, ки маҳз ба ин теъдоди муҳассилин афзалият дода мешавад.

Аз тарафи ректори Донишгоҳ қайд гардид, ки имрӯз дар Донишгоҳ санҷиш ва имтиҳонҳои тестӣ ва шифоҳӣ комилан ба таври шаффоф гузаронида мешаванд ва ҳангоми дучоршавӣ ба ҳолатҳои ришваситонӣ ва ҳар гуна ҳолатҳои қонунвайронкунӣ бевосита ба раёсати Донишгоҳ муроҷиат карда шавад.

Ҳамчунин, ректори Донишгоҳ оид ба риояи сару либоси тавсиявии донишҷӯён, дурӣ ҷустан аз тақлид ба сару либоси бегона, пешгирии ворид шудани ҷавонон ва донишҷӯён ба гуруҳу ҳаракатҳо террористиву экстремистӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки хизмат дар сафи Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи ифтихории ҳар як шаҳрванди он буда, хушбахтона ҳамасола теъдоди ихтиёриён аз сафи муҳассилини ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино меафзояд ва хоҳишмандон метавонанд номнавис карда ба хизмати пурифтихори ҳарбӣ раванд. Албатта, дар вақти тақсимоти касбӣ ва ҳангоми таҳсил ба онҳо афзалият ва бартарият дода мешавад.

Ректори Донишгоҳ ҳамзамон аз норасоии кадрии соҳаи тиб дар манотиқи мухталифи кишвар сухан ронда, таъкид намуданд, ки ҳамасола Донишгоҳро теъдоди муайяни донишҷӯён хатм менамоянд, вале дастрасии онҳое, ки мутобиқи талабот бояд дар ноҳияҳои тайиншуда ба кор раванд, комилан таъмин карда намешавад. Бо назардошти ин, сари вақт интихоби касб вобаста ба талаботи минтақаҳои истиқомат мувофиқи мақсад мебошад.

Профессор Гулзода М.Қ. таъкид намуданд, ки имрӯз барои таҳсили босамар дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Дар Китобхонаи муосир ва электронии Донишгоҳ шумораи зиёди адабиёти таълимӣ ва бадеию публисистӣ мавҷуд аст, вале шумораи муҳассилине, ки аз он ба таври мукаммал истифода мебаранд, мутаассифона қаноатбахш нест. Бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Донишгоҳ ду Маркази симулятсионии омӯзишии дар Осиёи Марказӣ беназир фаъолият менамояд ва донишҷӯён бояд дар он ҷо малакаҳои амалӣ омӯзанд.

Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби донишҷӯёни курси чаҳорум мавриди таҳсилот, имтиҳонҳо ва кору фаъолияти минбаъда дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди идомаи таҳсилоти тиббӣ саволҳои гуногун дар пешниҳод шуданд, ки ба онҳо ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. посухҳои мушаххас доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. ба донишҷӯёни курси чаҳоруми ҳамаи факултетҳо дар таҳсили минбаъда, супоридани имтиҳонҳо ва анҷоми бомуваффақияти Донишгоҳ барор хоста, ба онҳо комёбиҳо ва бурдбориҳо таманно карданд.

 

 

Ворисов А.А., н.и.т., дотсент - сардори шуъбаи коргузории

Хадамоти ректор

 


7
6
5
4
3
2
1
16.05.2023 494

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php