Оилаи солим - асоси пойдории давлат ва ҷомеа


Оилаи солим - асоси пойдории давлат ва ҷомеа

Санаи 15 май соли равон дар кафедраи физиологияи патологь бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила ҷамъомад бо иштироки омузгорон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он маърӯза дар мавзӯи “Оилаи солим – асоси пойдории давлат ва ҷомеа” пешниҳод карда шуд.

“Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн - ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.       

Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолиятҳои дигари оиларо фаро намегирем. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд. Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар ин мафумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Расолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад.

 

Суннатҳои оиладории миллати куҳанбунёд.


         Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд. Кофӣ аст, ки мо танҳо панду андарз ва таълимоти дидактикии адибони номвари гузаштаи худро мисол орем, ки самтҳои мухталифи одобу таълимро пайгирӣ карда, дар бунёд ва таълими оиладорӣ саҳми бузург доранд.

Дар “Қобуснома”- и Унсурулмаолии Кайковус боби хосса “Андар шинохти ҳаққи падару модар” меояд, ки дар он аз хусуси арҷгузорӣ ва эҳтиром ба волидайн, ки асоси бунёди оила аст, сухан меравад. Дар китоби безаволи “Гулистон” –и Шайх Саъдии Шерозӣ низ бобҳое алоҳида, чун “Дар таъсири тарбият ва сирату ахлоқу фазилати инсонӣ”, “Дар ишқ ва ҷавонӣ” ва “Заъфу пирӣ” омадааст, ки ҳама ҳадафи тарбиявӣ дошта, ба бунёди ҷомеа ва оилаи солим мусоидат мекунанд. “Футувватномаи султонӣ” – и Ҳусайн Воизи Кошифӣ як кодекси ахлоқу одоби баланди инсонӣ аст, ки таълимоти ҷавонмардиро комилан рӯи дафтар овардааст. Метавон гуфт, дар илму адаби классикии мо адибе нест, ки саҳме дар бунёди таълимоти тарбиявӣ, ки ҳадафаш бунёди ҷомеа ва хонаводаҳои солим аст, нагузошта бошад. Ин маърифат дар таърихи илм ва фарҳанги миллии гузаштагони мо то ҷое расидааст, ки ҳатто ишқ ба мафҳум ва меъёри баланди фалсафӣ ва инсоншиносӣ табдил ёфтааст.

       Аммо имрӯз то куҷо мо аз ин таълимот истифода мебарем ва чӣ бардоштҳои муфид аз он кардаем, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас ва муҳити солими оилаҳо таъсири нек дошта бошанд?

        Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва андешидани тадбирҳои махсуси дигар иқдоми бисёр бамаврид ва саривақтӣ аст, аммо муҳимтар аз он, риоя ва амалӣ сохтани ин қонун мебошад. Пас воқеан дар ин маврид масъулияти падару модар ва ҷомеа нақши тақдирсоз мебозад. Ин ҷо метавон аз гуфтаҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд: «Фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».


       Баррасӣ ва таҳқиқи солимонаи ин мавзуи хеле ҷиддии ҷомеаи имрӯзии мо, пеш аз ҳама, вазифаи ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони рӯз аст. Аммо гузориши мо дар пешниҳоди масъалаи мазкур ва ёдовар шудан аз паҳлуҳои гуногуни он барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа беаҳамият нахоҳад буд, зеро солимии оила, нигоҳ доштани суннатҳои наҷиби оиладорӣ, пеш аз ҳама, аз ҳар яки мо вобаста аст”.

   

 

 

Кафедраи физиологияи патологӣ


16.05.2023 419

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php