Тероризм ва хатари он ба амнияти мардум.


Тероризм ва хатари он ба амнияти мардум.

Таҷрибаи талхи даҳсолаҳои охир барои ҷомеаи ҷаҳони ва мардуми дунё дарси бузурги сиёсатмадорӣ ва давлатдорӣ гашта, барои амнияти   мардумонашон дар сатҳи давлатҳо чораҳои таъхирнопазир андешида шавад.Ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем,ки бетарафии мо комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд. Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паӣи омӯзишу тадқиқ бошанд. Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуротҳои номатлуб - ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Нагирифтани пеши роҳи хатарҳои умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта дар Ироқ,Ливия,Сурия,Фаластин,Афғонистон ва дигар минтақаҳои даргир, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист далели ин гуфтаҳо буда, подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо мебошад. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд.Инчунин ҳодисаҳои охири Украина,Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм имрӯз ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст. Зиёд шудани амалҳои террористӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, боз ҳам вазъи ҷойдоштаро мураккаб месозад. Терроризм ва экстремизм ба ҳар як кишвар ҷиддӣ таҳдид мекунад ва аз ин лиҳоз бо ин зуҳуроти номатлуби асри XXI бояд якҷоя мубориза бурд. Бо дидану шунидани он ҳама амалҳои террористӣ дар саросари дунё метавон хулоса кард, ки терроризм дин, миллат, забон, сарҳад ва давлат надорад. Дар ҳама ҳолат шаҳрвандони оддие, ки ба сиёсат сари кор надоранд, кушта мешаванд. Тақрибан ҳар рӯз тариқи васоити ахбори омма хабарҳо дар бораи амалҳои террористӣ дар давлатҳои мусулмон, ба монанди Афғонистон, Покистон ва давлатҳои Аврупо паҳн мешаванд, ки ин ҳам хеле нигаронкунанда аст. Асосан, ҳадафи террористон одамони бегуноҳ қарор мегиранд ва мақсади онҳо паҳн намудани ваҳму даҳшат ва нооромӣ дар кишвар мебошад. Вале ин амалҳои нанговар ба ягон дин ва мазҳаб рост намеояд ва онро наметавон бо ягон далел сафед кард. Чунки ба қатл расонидани инсон бо ҳар шаклу услуб ин худ ҷиноят ҳисоб мешавад, новобаста аз он ки он аз ҷониби намояндаи кадом дин ва равияи динӣ амалӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки террорист душмани тамоми башарият ҳисобида мешавад. То ба имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти муваффақонаи мубориза бурданро бо терроризми байналмиллалӣ надорад. Сурия, Ироқ, Ливия, Яман, Миср, Алҷазоир, Мали, Афғонистон – аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбанд, ки имрӯз аз фаъолияти густурдаи террористон ва экстремистон ранҷ мебаранд. Ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон аз фаъолияти саросарии ин гуруҳҳо гувоҳӣ медиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳама неруи худро барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид созад, то ин ки роҳи сар задани дигар амалҳои террористӣ гирифта шавад.

Таҷрибаи кишварҳо ва халқҳои гуногун нишон медиҳад: агар одамон дар хотир дошта бошанд, ки дар зиндагӣ терроризм ва терррористҳо вуҷуд доранд, рафтори онҳо худ аз худ бо тарзи автоматӣ таҳти таъсири таҳдидҳои потенсиалӣ қарор мегирад. Он вақт одамон бодиққат, эҳтиёткор, ҳушёр мешаванд. Дар ҳеҷ ваҷҳ, сухан дар бораи воҳима, тарси доимӣ, ки бо он зиндагӣ кардан номумкин аст, намеравад. Вақти он расидааст, ки аз одатҳои номураттабӣ, беаҳамиятӣ, саҳлангорӣ, бепарвоӣ ва амсоли инҳо даст кашем ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор бигирем. Шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Зеро ки террористон ва экстремистон дар миёни ҳар қавму миллат ва ҷомеа вуҷуд доранд ва илова бар ин, гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳо пуштибонии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ меёбад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср аз тамоми имконот истифода мекунад. Чи тавре ки Роҳбари давлат қайд кардаанд, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомоти қудратӣ тақозо дорад, ки барои ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омодабошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир омода бошанд. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишору тааррӯз ва террору ифротгаройӣ муборизаи беамон бубарем.

 

 

Таибов С.А. –Корманди хадамоти ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

 


15.05.2023 283

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php