ВОХӮРӢ ОИД БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИСТЕҲСОЛӢ


ВОХӮРӢ ОИД БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИСТЕҲСОЛӢ

Рӯзи 12-уми майи соли 2023 бо донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ вохурии машваратӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ. баромад карданд. Дар ин вохурӣ масъалаҳои гуногун оиди сафарбаркунии донишҷӯён ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати босамар гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ҳаллу фасл гардиданд. Донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Қайд кардан зарур аст, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили 2022-2023 аз санаи 01 июл то 29 июли соли 2023 идома меёбад.

 

Мутахассиси шуъбаи

таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ               Усмонов Б.Н.

 


15.05.2023 305

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php