БОЗДИДИ САФИР АЗ АНБОРҲОИ НИГАҲДОРИИ ВАКСИНА


БОЗДИДИ САФИР АЗ АНБОРҲОИ НИГАҲДОРИИ ВАКСИНА

10 апрели соли равон сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз анборҳое, ки дар он ҷо вояҳои ваксинаҳои зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати ИМА дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҳукумати Тоҷикистон чандин маротиба дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ба кишвар вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 ирсол намудааст.

moh.tj


13.04.2023 364

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php