ҲИНДУСТОН: ИШТИРОКИ ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНГРЕССИ 17-УМИ ОСЕБШИНОСОН-ОРТОПЕДОН


ҲИНДУСТОН: ИШТИРОКИ ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНГРЕССИ 17-УМИ ОСЕБШИНОСОН-ОРТОПЕДОН

Як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон иборат аз табиб-травматологон, осебшиносон-раддодон дар конгресси 17-уми осебшиносон-ортопедон, ки аз 2 феврал оғоз ёфта, то 4 феврали соли равон дар шањри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон идома меёбад, иштирок доранд.


Дар доираи иштирок дар конгресси мазкур мутахассисони Тоҷикистон ба академияи “Мерил”и шаҳри Мумбайи кишвари мазкур ташриф оварда, бо раванди истеҳсоли технологияҳои муосири соҳавӣ шинос шуданд.


Ҳамзамон, дар инҷо табибони Тоҷикистон бо рафти ивазкунии буғуми зону бо истифодаи робот ва  ҳангоми ҷарроҳӣ дар мастер-класс ширкат варзиданд.


Зимни шиносоӣ табибони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии хеш дар самти табобати беморон, омухтани усулҳои нави табобат мубодилаи афкор намуданд.

moh.tj


07.02.2023 187

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php