АҲАМИЯТИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ


АҲАМИЯТИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Глобализатсия – раванди ҷаҳонишавии олами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиест, ки дар натиҷаи якҷояшавии доираҳои гуногуни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дар ин замина муттамарказ гардидани тамаддунҳо ба миён меояд. Дар шароити инкишофи босуръати ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз зарарҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Огоҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи фарҳангу адаби миллӣ метавонад ливо ва раҳнамои мо дар замони ҷаҳонигароӣ ба сӯи пирӯзиҳо бошад. Аз ин рӯ, дар ин замина тарбия ва таълими насли ҷавони кишвар, ки дорои донишҳои замонавӣ ва лаёқату малакаи касбӣ бошад, дар назди масъулин ва зиёиён вазифаҳои навро пеш меорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ зери таъсири абарқудратҳо, дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишоф бо ҳар гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо буда, масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амният, суботу оромии ҷомеа пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу забон ва тамаддуни пурғановати тоҷик таъсири худро гузошт. Маҳз, бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз пайдо намуд. Дар шароити ҷаҳонишави яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки забон рукни муҳим дар ҳувияти миллист. Пас мебояд дар шароити ҷаҳонишавӣ, дар муқобили тӯфони он истодагарӣ намуда, забони тоҷикиро, ки аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ барои кишвари мо маҳсуб мешавад ҳифз намоем. Бо таъкиди донишмандону забоншиносон ва муҳаққиқон асолати забони тоҷикиро дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд ҳифз кард. Забони тоҷикӣ таърихи тӯлонӣ дорад ва бо хату адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст ва дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгароии башарӣ саҳми босазо дорад. Вақте таърихи забони ноби тоҷикро варақ мезанем, мебинем, ки он дар тӯли асрҳо марҳилаҳои гуногунро гузашта, бо шаҳомати худ солиму бегазанд то замони мо расидааст. Пас, вазифаи мо аст, ки онро ҳамчунон солиму бегазанд ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ асосан кишварҳое муваффақ мешаванд, ки дар бозори ҷаҳонӣ истеҳсолкунанда иштирок мекунанд ва ҷилави ин раванд низ ба дасти кишварҳое меафтад, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд. Агар дар таърих раванди ҷаҳонишавӣ тавассути лашкаркашӣ ва ё маҷбурӣ сурат мегирифт, дар асри 21 ин раванд ба ягон қувва ниёз надорад, зеро дар шароити имрӯза падидаҳои ҷаҳонишавӣ дар асоси инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсисонӣ ҷорӣ мешавад. Дар равандҳои ноороми ҷаҳони имрӯза зиёиён набояд бетараф бошанд, баръакс бояд ҳамеша дар сафи пеши корҳои созандагӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ қарор гиранд. Барои он ки миллати точик дар арсаи байналмиллалӣ хуб муррифӣ гашта, муваффақияти боз ҳам бештар ба даст орад, пеш аз ҳама тақвият додани ҳувияти миллӣ ва дар ин асос тақвияти андешаи миллӣ ва ташаккули он зарурат дорад. Воқеан зиёиёну равшанфикрон ҷавҳари асосии таҳрикдиҳандаи ҳар як давлат ба шумор мераванд ва бо дарки амиқи ин нукта дар Тоҷикистон нақши зиёиён дар роҳи худшиносии миллӣ, пешрафту тараққиёт ва ҳифзи таъриху тамаддун густариш меёбад. Ба ба андешаи муаллифи китоби “Ҷаҳонишавии ҳувият” Франк Мюллер «Дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ фарҳанг ва маориф дар сароғози афкори ҷаҳонишавӣ меистад». Яъне, маориф нақши калидӣ ва сарнавиштсози ҳар миллат ва ҳар давлат аст. Фармӯш набояд кард, давлате, ки ихтироъкорони зиёд дорад ва онҳо хубтару бештар аз технологияҳои иттилоотию каммуникатсионӣ бохабар буда, донишҳои технологии замонавӣ доранд дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамеша муваффақ мешаванд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


02.02.2023 529

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php