РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТАВОНБАХШИИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ “ЧОРБОҒ”


РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТАВОНБАХШИИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ “ЧОРБОҒ”

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи 25 январ таҷлил мегардад, дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” чорабинии идона доир гардид.

Зимни суханронии хеш роҳбарияти муассиса ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро бахшида ба ин сана табрику шодбош намуда, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо барору муваффақиёт таманно намуд.

Қайд гардид, ки рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи суханрониҳояшон дар ин мавзӯъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои осебпазири шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.

moh.tj


27.01.2023 360

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php