АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ПЕШГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ дар мамлакат манъ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракатҳои бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, инчунин, мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин, тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд, ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо, паст задани шаъну эътибори миллӣ, вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин, ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин, омӯзондани мафкураи экстремистӣ, монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо, истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо, ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда, даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан, нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ фаъолияти экстремистӣ муайяну муқаррар шудааст.
Имрӯз тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма мебинем, ки дар баъзе гушаҳои ҷаҳон вазъият чӣ гуна ноорому нигаронкунанда аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ хулоса карда мешавад, ки таблиғи ақидаҳои дорои хусусияти ифротӣ ва тундгароёна дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта, ҷавонон таҳти ҳадаф ва таъсири таблиғоти доираҳои гурӯҳҳои террористӣ қарор мегиранд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки тундгароёнаи худ ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, бешубҳа, на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳо ҷаҳон мебошад, балки талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти моддию маънавии беҳисобро дар пай дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи амнияти давлату миллат самтҳои асосии муқовимат ба экстремизмро дар қонунгузории амалкунанда муайян намудааст.
Тибқи талаботи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” муқовимат ба экстремизм дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст;
- огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта;
- ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм.
Ба роҳ мондани чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба экстремизм ва оқибатҳои ҳуқуқии он дар байни шаҳрвандон, хоса, ҷавонон, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии онҳо мусоидат менамояд, аз тадбирҳои муҳими пешгирии фаъолияти экстремистӣ дониста мешавад. Бо назардошти ҳамин мақсадҳо давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ошкору пешгирӣ ва маҳкумкунандаи фаъолияти экстремистиро ба роҳ мондааст.