Хуч ҳам шифобахш аст!


Хуч ҳам шифобахш аст!

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки сарзамини самарабахши Тоҷикистон аз растаниҳои шифобахш бой аст. Дар мамлакати мо беш аз 5000 номгӯи гиёҳҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар 230 номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба тартиб дароварда шудаанд. Ҳазорҳо номгӯи дигари растаниҳо дар рафти санҷиш қарор доранд, ки солҳои наздик онҳо ҳам дар китоби растаниҳои шифобахш қайд хоҳанд шуд. Яке аз растаниҳои маълуми шифобахш хуч мебошад.

Растании хуч шакли буттаро дошта, аз оилаи растании садбарг мебошад. Номи лотинияш Rosa canina аст. Дар сарчашмаҳо қайд шудааст, ки анқариб 400 то 500 намуди ин растанӣ дар мамолики гуногуни дунё мерӯяд. Баландии буттаи ин расатнӣ то 2-3 метр қад кашида, 30-40 сол умр мебинад.

Таркиби химиёвии хуч аз глюкоза, кислотаҳои органикӣ ва витаминҳои гурӯҳи В ҳамчун В1 тиаминҳо, В2 рибофлавин, В9 кислотаи фолий бой мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар таркиби тухмии ҳуч витамини Е, К, бета каротинҳо низ мавҷуданд.

Гурӯҳи витаминҳои В, ки дар таркиби хуч мавҷуданд, дар организм барои ҳосил шудани эритроситҳо, антиҷисмҳо аҳамияти калон дошта, ба мӯйи сар, пӯст, нохунҳо қувват мебахшанд. Ҳамчунин хуч хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, масунияти организмро мустаҳкам мекунад. Кори дил ва девори рагҳоро бардам нигоҳ медорад. Табибон тавсия медиҳанд, ки шарбати хучро метавон барои пешгирии бемориҳои сактаи майнаи сар, сактаи дил, атеросклероз, камхунӣ ва авитаминоз истифода бурд.

В9 (кислотаи фолий) барои ҳосил шудани сперматозоид нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин кам шудани ин витамин ба камхунӣ оварда мерасонад. Барои пешгирии норасоии витамини С ва Р хучро истифода бурдан мумкин аст. Яке аз хусусияти хуч паст кардани фишори хун мебошад. Аз ин рӯ бемороне, ки фишори хунашон бе он ҳам паст аст, қабл аз истеъмоли хуч бо табиб машварат кунанд. Хучи хушк кардашударо метавон ҳамчун шарбат тайёр карда, аз лаззат ва таҳсири шифобахши он баҳра бурд.

Саломат бошед!


26.07.2023 2530

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php