ҚОИДАҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ МУОИНАИ ТИББИИ ҲАТМИИ ШАХСОНИ НИКОҲШАВАНДА


ҚОИДАҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ МУОИНАИ ТИББИИ ҲАТМИИ ШАХСОНИ НИКОҲШАВАНДА

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбанд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон яке аз омилҳои бекоршавии ақди никоҳ таваллуди кудакони маъюб мебошад. Ин ба чӣ рабт дорад?!

Бунёди оила бо хешовандони наздик раванди ташвишоварест, ки дар ҷаҳони муосир ба фазои ҷомаеи солим халал ворид намуда, авҷи ин омили ногувор ба коҳиш ёфтани раванди ташаккули ҷомеаи сиҳатманд аз як ҷиҳат ва аз ҷиҳати дигар ба таваллуди кӯдакони маъюби дорои нуқсонҳои рӯҳиву равонӣ боис мегардад. Пешгирии раванди густариши ин омили нигаронкунанда ва манъ намудани никоҳи хешутаборӣ масъалаест, ки бештари кишварҳои ҷаҳон хоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ин самт тадбирҳо меандешанд. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад, зеро то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кӯдакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату Ватан ва фарҳангу суннати ниёгонро ҷо накунанд, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Нақши оила дар ташаккули ҷомеаи солим муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимии ҷомеа ва зиндагии шоистаи сокинон паваста ғамхорӣ менамояд, барои манъ ва бартараф намудани оқибатҳои нохуши никоҳи хешу табории наздик чораҳои заруриро ба роҳ монда, дар як қатор асноди меъёрии ҳуқуқии дар мамлакат амалкунанда муқаррароти мушаххас пешбинӣ намудааст. Муҳимтарин санадҳое, ки муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медароранду сади роҳи бастани ақди никоҳи хешу табории наздик мегардад, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» мебошанд, ки 23-юми августи соли 2016 қабул гардидааст.

Шаҳрвандони мамлакат, хоса, ҷавононе, ки мехоҳанд оила барпо кунанд, бояд донанд, ки гузаштани муоинаи ҳатмии тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон сурат гирифта, он танҳо ба хотири бохабар кардани издивоҷкунандагон аз вазъи саломатии ҳамдигар аст. Қонун бастани никоҳро бо шахсони бемор манъ намекунад ва шахсони бемор ҳуқуқи ба никоҳ даромаданро доранд.

Интихоби дуруст дар бунёди оила омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат аст. Аз ин рӯ, пеш аз барпо намудани оила ҳар шаҳрванд бояд паҳлӯҳои гуногунҷабаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби зану шавҳарӣ ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонанд. Оилае, ки пояаш бо муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар чунин оилаҳо фарзандони неку хушрафтор ва ватандӯсту матинирода ба воя мерасанд. Меҳру муҳаббате, ки ҳамсарон ба фарзандонашон мебахшанд, дар оянда, дар наслҳои минбаъдаи онҳо низ боқӣ мемонад.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


24.01.2023 452

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php