ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ ВАЗОРАТ БО ДОНИШГОҲИ ЙЕЛИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО
Миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба оғоз бахшидани ҳамкориҳо 7 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони донишгоҳи мазкур таҳти роҳбарии профессорон Фредрик Алтис ва Линн Маден мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ ва дигар масъулини вазорат низ иштирок доштанд.
Махсусан, дар доираи ҳамкориҳо кӯмаки техникӣ ва илмии Донишгоҳи мазкур дар самти пешгирӣ ва табобати як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои ВНМО, гепатитҳои В ва С ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қатори 11 донишгоҳи беҳтарини олам шомил мебошад.
Moh.tj