ТОҶИКИСТОН ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо кадом қудратҳо ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ кӯмак мерасонанд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки пуштибонии қудратҳоро ба эътибор гирифта, террористон ва экстремистон барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба таркишу куштор мезананд. Ҳоло терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Дар чунин ҳолат, албатта ин вабои аср танҳо бо эътилофи ҷаҳонӣ ва муборизаи содиқонаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад решакан шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёмашон ба Маҷлиси олии кишвар аз 20.01.2016 таъкид намуданд, ки “Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад”.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои зиддитеррористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини давлатдории навини худ ин намуд ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор тағйироту иловаҳо ворид кард ва ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамояд.
Пешвои миллат дар баромадҳои худ чандин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм низ чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро дастгирӣ мекунанд. Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад ва хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалист. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва экстремизм Стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, 20212025-ро қабул намуд. Дар Стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, бо зикри таҷрибаи байналмилалӣ таъкид шудааст, ки барои муваффақият дар мубориза алайҳи экстремизму терроризм бояд омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқию сохторӣ, ки ба фаъолияти ифротгароён мусоидат мекунанд, аз байн бурда шаванд.
Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касби кишвар боз ҳам васеъ тар ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстремизм ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, олимону коршиносон, омӯзгорон, журналистону зиёиён масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.