ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ШИНОХТИ ШАХСИЯТ ВА ОСОРИ Ӯ ДАР ТОҶИКИСТОН


ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ШИНОХТИ ШАХСИЯТ ВА ОСОРИ Ӯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Донишманду табиб ва табиатшиноси барҷаста Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ (865-925) аз зумраи он нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштаанд. Асарҳои тиббии ӯ «Ал-ҳовӣ», «Тибби Мансурӣ» мисли «Ал-қонун»-и Абуалӣ ибни Сино асрҳо дастури табибони Шарқу Ғарб буданд. Дастовардҳои илмии ӯ дар соҳаҳои физика, риёзиёт, фалсафа ва амсоли инҳо то имрӯз арзиши илмии худро гум накардаанд.

Агарчанде саҳми ӯро ҳамчун яке аз саромадони илмҳои тибу кимиё, файласуф ва физикдони воломақом эътироф кардаанд, аммо дигар паҳлуҳои фаъолияташ ҳанӯз ҳам пурра баррасӣ нагардидааст. Ҳарчанд ӯ дар таърихи кимиёву тиб бо лақаби “Падари кимиё” ва табиби ҳозиқ шинохта шуда, дар фалсафа яке аз барҷастатарин намояндаҳои асҳоби хаюло эътироф гаштааст, вале баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳамагӣ ду асари Закариё Розӣ - “Тибби рӯҳонӣ” ва “Сирати фалсафӣ” ба хулоса омаданд, ки ӯро “Муаллими ахлоқ” номидан ҳам ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад буд. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар асарҳои мазкур тамоми хислатҳои инсонӣ, фазилатҳои хуб (некӣ, ростгӯӣ, инсондӯстӣ, адолат, ҳаё, иффат, раҳм, саховат, покизагӣ) ва бад (разолат, мутакаббирӣ, худписандӣ, мумсикӣ, майпарастӣ, дуруғгӯӣ) – и одамиро ҷолибона ва возеҳона мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ба гуфтаи Муҳаммад Закариёи Розӣ устод-мураббӣ дар паҳлуҳои мухталифи зиндагӣ барои шогирд шахси носеҳ, ғамхорест, зеро ба шогирдон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ - поксириштӣ, накӯкорӣ, иффат, инсондӯстӣ ва ғайраро тарғиб менамояд. Ӯ ба масъалаҳои тарбияи ахлоқию маънавӣ диққати махсус дода, барои бартарафсозии душвориҳои ҳаёти одамон панду маслиҳатҳои муфиду ҷолиберо баён кардааст. Дар ҷараёни таълиму тарбия мутафаккир дар ҷои аввал ақли солимро мегузорад ва баъдан тамоми рафтори инсониро дар асоси ақлу хиради ӯ баҳогузорӣ мекунад. Барои омӯзгорону мураббиён тавсияҳо медиҳад, ки онҳо дар роҳи тарбия аз толибилм ё донишҷӯ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд малол ва озурда гарданд.

Мутафаккир таъкид менамояд, ки таълиму тарбияи насли наврас аз вазифаҳои муҳимтарини носеҳону омӯзгорон аст. Омӯзгор бояд дар таълим ва тарбияи шогирд тамоми донишу маҳорати хешро сарф намояд. Ӯ бо шогирдон сидқан суҳбат намуда, камбудиҳо ва хислатҳои ношоистаи онҳоро ошкор созад ва роҳи ҳалли онро нишон диҳад. Ба қавли мутафаккир устод бояд аз донишу маърифати кофӣ бархурдор бошад ва дар умури таълиму тарбия ба саҳланкорӣ роҳ надиҳад, балки ҳамеша рӯҳияи шогирдро ба назар гирифта, бо ӯ муомилаи хуш намояд. Омӯзгор ҳамчун шахси наздик ва роздону меҳрубон мунтазам аз ҳолу зиндагии шогирд бохабар бошад. Ӯ қабл аз ҳама бо рафтору амали худ ва баъдан бо гуфтору таълими худ намунаи ибрат бошад.

 

Қаюмова М.А., Мананова П.И., Раҷабов Р.Р.

омӯзгорони Кафедраи забонҳои хориҷӣ


10.01.2023 1121

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php