РАВИШҲОИ НАВИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН


РАВИШҲОИ НАВИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН

Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо шарти муҳимтарини пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ дониста мешавад.

 Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардида, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаву оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муҳимро ҳам дар сатҳи дохилӣ, ва ҳам минтақавию ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор додааст. Возеҳ аст, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор гардида, фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади такмил додани раванди муҳофизати сарҳади давлатӣ ҳанӯз соли 2010 “Стратегияи миллии идора намудани сарҳад” ва нақшаи амали онро доир ба ислоҳоти низоми таъмини амнияти сарҳад барои давраи то соли 2025 қабул намуд. Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта, аз ҷониби шаҳрвандон маҳкум ва муҳтавои онҳо ба тарбиятгирандагон расонида шавад. Яъне, дар ҷараёни таълиму тарбия дар замири наврасону ҷавонон бояд ғояҳои ватанхоҳию ватанпарварӣ, шуҷоату ҷасорати миллиро тарбият намоем, ки минбаъд ба ҳар гуна хавфу хатарҳое ки ба мо таъсир мегузоранд, муқовимат карда тавонем.

Имрӯз барои бартараф ва ё пешгирӣ намудани терроризм, пеш аз ҳама, ба тарбияи хонаводагӣ ва мактабу маориф диққати махсус бояд дод. Махсусан ба тарбияи мактабҳои динӣ, ғайридавлатии динӣ, мактабҳои динии шахсӣ, мактабҳои махсуси варзишие, ки дар зери хонаҳои баландошёна ва атрофи шаҳрамон амал менамоянд, бояд таваҷҷуҳ дошта бошем. Дар ин росто нақши илму маориф дар пешгирии ҳодисаҳои даҳшатафканӣ, зӯроварӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ хеле барҷаста мебошад. Хусусан, татбиқи илмҳои ҷомеашиносӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва таъмини зиндагии шоиста бузургтарин роҳи муқовимат ба терроризму ифротгароӣ мебошад. Илму маориф ва идеологияи миллӣ сарчашмаи муҳими муқовимат ба терроризм ба шумор меравад. Дар ин ҷо мақоми идеологияи миллӣ ба сифати неруи муқовимат пурра арзёбӣ мегардад. Зеро ки он ҳамчун роҳнамои миллат ба ҳар гуна таҳдиду даҳшатафканӣ муқовимат карда метавонад.

Экстремизми сиёсӣ ва терроризм зуҳуроте мебошанд, ки асосҳои гуманистии ҷомеаро барҳам мезананд. Бо вуҷуди он, ки экстремизм ва терроризм ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқагузорӣ мебошанду инсоният аллакай таҷрибаи муқовимат бо чунин идеологияро пайдо намуда истода, хусусияти дастҷамъона доштани онро тақвият мебахшад, вале мутаассифона, баъзе неруҳои манфиатдор ба қувват гирифтани идеологияҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, аз ҷумла, террористӣ мусоидат намуда, онҳоро ҳимоя мекунанд ва бо ин амали хеш хатарҳои ҷиддии эҳтимолиро сари инсоният ба бор меоранд. Аз ин рӯ, шинохти идеологияи экстремистию террористӣ ва муқовимат ба он барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти кишвар ва таҳкими давлатдорӣ муҳиммияти хосса дорад.

Гурӯҳҳои террористӣ барои фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд. Вобаста ба вазъияти мазкур зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои муосир ба миён омадааст. Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин пайваста дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои мушаххасеро пешниҳод намуда, бо ин роҳ нақши худро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ намоён месозад.

 


10.01.2023 536

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php