АЗ «А» ТО «Я». Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хориҷӣ


АЗ «А» ТО «Я». Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хориҷӣ

Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар матолиби худ ба тамоми паҳлуҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо он 23 декабри соли 2022 дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуданд, таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Аз ҷумла, дар сомонаҳои худ ТАСС, «РИА Новости», «Ia-CENTR.RU», «Независимая газета», «sng.today», «MIR-24», «Sputnik», «Анадолу», «Trend» ва ғайра нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлати Тоҷикистонро аз аввал то ба охир инъикос намудаанд.

Тавре ТАСС иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвар дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

«Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагӣ амалӣ намоем», — иқтибос меорад Президенти Тоҷикистонро «РИА Новости».

Маркази иттилоотию таҳлилии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар сомонаи худ Ia-CENTR.RU муҳимтарин лаҳзаҳоро аз Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон зикр кардааст.

Дар маводи сомона таъкид шудааст, ки 23 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми анъанавӣ ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии панҷ соли охир таваҷҷуҳ зоҳир карданд, аз ҷумла:

— Даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонӣ ($4 млрд) ба 87 миллиард сомонӣ ($8,5 млрд) зиёд гардид;

— Сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоиз то 22,5 фоиз коҳиш ёфт;

— Беш аз 900 ҳазор ҷойи нави кор, аз ҷумла соли 2022-юм 190 ҳазор ҷой таъсис дода шуд;

— 842 бинои муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд;

— Қисми даромади буҷет 38 фоиз зиёд шуда, ба 33 миллиард сомонӣ ($3,23 млрд) баробар гардид.

«Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама аст ва аз тақвияти нақши калидии СММ дар ин раванд пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора Президент [Тоҷикистон] Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа, 23 декабри соли 2022 зимни ироаи Паём ба Парлумон изҳор доштанд», — хабар додааст агентии иттилоотии Туркия «Анадолу».

«Дар Тоҷикистон 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ таъсис дода мешаванд. Муҳлат – се сол. Чунин дастурро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо Паём ба парлумони кишвар доданд. Ҳамчунин ба ҳукумат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш доданд, ки Консепсияи мудофиаи миллӣ таҳия намоянд», — гузориш медиҳад «МИР 24».

Sputnik Тоҷикистон нуктаҳои бунёдии Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гирдоварӣ кардааст.

Бахусус Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, зикр намудааст Sputnik, бештар ба рӯзномаи иқтисодӣ бахшида шудааст. Зимни ироаи Паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 4,2 фоизро ташкил дод ва ин беҳтарин нишондиҳанда дар ИМД аст».

23 декабр сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ бо истинод ба АМИТ «Ховар» матни пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ ««Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» интишор кард.

АМИТ «Ховар»


31.01.2023 578

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php