Бардошт аз мақолаи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-и Абдуллоҳи Раҳнамо


Бардошт аз мақолаи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-и Абдуллоҳи Раҳнамо

Пас аз мутолиаи мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ таҳти унвони “Мавқеи тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” Ҳамчун шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон таассуроти амаиқ бардоштам ва онро мехоҳам қисм бар қисм манзури дӯстон намоям, то бори дигар бар ин масъала нигоҳ афкананд ва маълумоти кофӣ доир ба ин масъаларо дар ихтиёр дошта бошанд

ҚИСМИ АВВАЛ - БАЁНИ СОДАИ МОҲИЯТ ВА МАНТИҚИ НИЗОИ МАРЗӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Дар ин қисми мақола баёни содаи МОҲИЯТ ва МАНТИҚИ НИЗОИ МАРЗӢ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври возеҳу мушаххас зикр карда шудааст. Он гунае ки баён гардидааст, моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз он иборат будааст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави ҚОНУНИИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, ки ин рақам санаи 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо додааст. Яъне бар ин рақам набояш шакку шубҳае намоем.

Дар идома ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад дар кадом минтақаҳо ҷойгир будани онҳо тавзеҳ дода шудааст. Яъне дар асоси санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Сипас, муаллиф барои тасаввури дақиқи хонандаи мақола, ки ба хубӣ дарк намояд, ки ҳудуди 211 000 гектар замин чӣ миқдор аст дар бораи миқёс ё паҳнои ҷуғрофии баҳс мисол мерад. Яъне ҳудуди 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан беш аз ДАҲ ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ бо афзудаҳои нави атрофаш баробар аст! Яъне дар ин баҳс сухан дар бораи чунин МИНТАҚАИ АЗИМ меравад.

Ҳамчунин барои тақвияти ин тасаввур мисоли берунӣ оварда мешавад, ки ин заминҳои ғасбшуда қариб баробари ҳудуди кишвари Люксембург дар Аврупо, ё тақрибан ду баробари ҳудуди кишварҳои Сингапур ва Баҳрайн дар Осиё мебошанд.

Хонандаи мақолаи мазкур пас аз тасаввури яклаҳзаина дар ин маврид хуб дарк менамояд, ки ҳамаи ин муноқишаҳо ки солҳо давом доранд ва роҳи ҳалли он хеле мураккаб гардидааст, чунин ҲУДУДИ БУЗУРГРО дар бар мегирад.

Дар идома шарҳ дода шудааст, ки чӣ гуна ин миқдори зиёди замини қонунии Тоҷикистон ба ихтиёри кишвари ҳамсоя гузаштааст. Яъне дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун ин миқдор замин ба ихтиёри кишвари ҳамсоя гузаштаат. Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони ШӮРАВӢ низ маълум будааст ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ низ ба вуҷуд меомаданд. Аммо гуфта мешавад, ки чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркибӣ давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил будаанд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои БАЙНИДАВЛАТӢ ҲИСОБ НАШУДА, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистодааст. Амалан пас аз ба даст овардаи истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ вазъияти ҳуқуқию сиёсии сарҳадҳо комилан тағйир ёфта, зарурати ба таври РАСМИЮ НИҲОӢ МУАЙЯН КАРДАНИ САРҲАДИ БАЙНИ ДУ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ пеш омадааст.

Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, аз ҚИРҒИЗИСТОН ТАЛАБ ДОРАД, КИ ЗАМИНҲОИ АЗ ҲИСОБИ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИХТИЁРИ ХУД ДОШТАРО БАРГАРДОНАД.

Дар идома зикр мегардад, ки доир ба масъалаҳои марзӣ байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон АЗ ИМЗО ВА РАСМИЯТ бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин, таъкид гардидааст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат зикр рафтааст.

Дар идома таъкид мегардад, ки доир ба 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байнисарҳадиро амалан аз байн мебарад.)

Нуктаи дигари МУҲИМ, ки дар ин бахши мақола зикр ёфтааст, ин аз ҷониби Қирғизистон соли 1999 бо фарогирии аксари қитъаҳои баҳсӣ ТАЪСИС ДОДАНИ ВИЛОЯТИ НАВИ БОТКАНД (Баткент) ва бо қабули қонуни махсуси миллӣ «Дар бораи мақоми вилояти Ботканд» (№113 аз 10-уми сентябри соли 2021) ин вилоятро амалан ба ҲАВЗАИ МАХСУСИ ҲАРБИВУ МУДОФИАВӢ табдил карда, ҳатто ба низоъҳои маишиву иҷтимоии аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ МОҲИЯТИ ҲАРБИВУ СИЁСӢ мебахшад.

Банди 14-уми ин қонун мушаххасан пешбинӣ мекунад, ки дар ин вилоят (дар заминҳои қонунии Тоҷикистон) бо додани имтиёзҳои бисёр зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, шумораи аҳолӣ ва нуктаҳои АҲОЛИНИШИНИ ҚИРҒИЗӢ ба таври МАҚСАДНОК зиёд карда шавад.

Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи ОСОНТАР кардани ҳалли масъала, имкони ба НИЗОИ МУСАЛЛАҲИ ВАСЕЪ ВА БАЙНИДАВЛАТӢ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад.

ХУЛОСА: Муаллиф дар қисми аввали мақолаи мазкур - “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” доир “БАЁНИ СОДАИ МОҲИЯТ ВА МАНТИҚИ НИЗОИ МАРЗӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН” аз санаду далелҳои мушаххас кор гирифтааст. Ҳамчунин, барои дарки бештар аз мисолҳо ва аз харитаҳое ки эътибори расмӣ доранд истифода намудааст. Хонандаи одӣ ба таври возеҳ дарк менамояд, ки дар ин бахши мақола сухан дар бораи чӣ меравад ва моҳияти асосӣ ва соддаи баҳси марзии байни ду давлати ҳамсоя дар чист.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ

hgu.tj



17.12.2022 509

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php