Ҷомеа ва тандурустӣ. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни иншои “Ҷомеаи ман бидуни сил”


Ҷомеа ва тандурустӣ. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни иншои “Ҷомеаи ман бидуни сил”

10-уми ноябри соли ҷорӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №45–и шаҳри Кӯлоб маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни иншои “Ҷомеаи ман бидуни сил” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), мудирони шуъбаҳои маориф, Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар минтақаи Кӯлоб, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ва ҳайати кормандони Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани пазироӣ Саъбагул Валиева, мушовири раиси шаҳри Кӯлоб ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки баргузор гардидани чунин озмунҳо ва қадрдонии хонандагони соҳибистеъдод барои афзудани эҳсоси ватандӯстиву инсонпарварӣ дар замири наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.

Зимни суханронӣ Қадамшоҳ Ҳакимзода, мудири маорифи шаҳри Кӯлоб ба озмун баҳои баланд дода, онро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии хонандагони мактабҳо дар бораи бемории сил муҳим ва саривақтӣ донист.

Ҳамзамон, Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” қайд намуд, ки ин озмун пеш аз ҳама бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагони соҳибқалам ба эҷод ва афзудани маърифати тиббиву беҳдоштии наврасону ҷавонон дар хусуси пешгирӣ ва табобати сил роҳандозӣ гардида, иншоҳои беҳтарин дар рӯзномаву маҷаллаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ нашр мешаванд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳинокӣ дар бораи бемории сил, тақвияти маърифати беҳдоштӣ, пешгирии саривақтии бемории сил дар байни аҳолӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии инсондӯстона, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб буд.

Ин озмун дар доираи Нақшаи амалҳои муштарак байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он 1166 нафар хонанда аз 32 муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ба 5-нафар ғолиби ҷойи 1-ум, 7-нафар ғолиби ҷойи 2-юм ва 10-нафар ғолиби ҷойи 3-юм диплом ва ҷоизаҳои кумитаи тадорукот тақдим гардид. Барои мусоидат ва баҳогузории холисонаи иншоҳои озмунӣ ҳайати ҳакамон низ бо сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори шинохта, роҳбари театр-студияи Хандинкамон, Сафири пешгирии сил суханрониву ҳунарнамоӣ карда, бо ширингуфториҳо ва расонидани паёмҳои асосии зиддисилӣ ба чорабинӣ ранги дигар бахшид.


12.11.2022 123

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php