ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Олимпиадаи дуюми байналмилалии «Мастер педиатрии», ки дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия баргузор гардид, ғолиб омада, соҳиби Ҷоми олимпиада ва диплом гардиданд.
Тавре ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Фаррух Бақоев ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, олимпиадаи мазкур 28 октябр дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия баргузор гардид.
Тавре Фаррух Бақоев зикр кард, «аз донишгоҳи мо дастаи «Авитсенна» бо шумули 5 нафар донишҷў дар олимпиадаи мазкур ширкат варзиданд. Дар даври финалии олимпиада 22 даста иштирок намуд. 21 даста аз донишгоҳҳои тиббии шаҳри Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск, Краснодар, Владивосток, Саратов ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия буданд».
Дар олимпида иштирокчиён аз рӯи чунин шартҳо: расонидани ёрии аввалин дар ҳолатҳои терминалӣ, кор бо бемори виртуалӣ, ҷамъоварии анамнез ва гузоштани ташхиси бемор, иҷро намудани масъалаҳои тахассусӣ, суолу ҷавоби зеҳнӣ ва ёфтани мушкилтарин муаммоҳо миёни ҳам сабқат намуданд.
Ғолибони олимпиада бо ҷому диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бознашр аз АМИТ "ХОВАР"
05.11.2022
565