ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ
Санаи 26.10.2022 таҳти сарварии и.в. ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” н.и.т., профессор Ибодзода С.Т. ҷаласаи Раёсати Донишгоҳ доир гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисобот оид ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии деканатҳои факултетҳои тиббӣ ва стоматологӣ дар солҳои таҳсили 2021-2022, вазъи иҷрои ҳадафҳо, вазифаҳо, Нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи рушди МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибнм Сино” то соли 2025” вобаста ба рушди факултетҳо ва масъалаҳои дигар баррасӣ гардиданд.
Дар кори ҷаласа ҳисоботи декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Табаров М.С. ва декани факултети стоматологӣ, н.и.т. Юлдошева У.П. шунида шуд.
Доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода С.Т. оид ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он, 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
ХАДАМОТИ РЕКТОР