ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ
Санаи 27.10.2022 таҳти сарварии иҷрокунандаи вазифаи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” н.и.т., профессор Ибодзода С.Т. Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синобаргузор гардид. Дар ин Шӯро масъалаҳои интихоб ба тариқи озмун, пешниҳод ба унвони илмӣ, ҳисобот оид ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии деканатҳои факултетҳои тиббӣ ва стоматологӣ дар солҳои таҳсили 2021-2022, вазъи иҷрои ҳадафҳо, вазифаҳо, Нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи рушди МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибнм Сино” то соли 2025” вобаста ба рушди факултетҳо ва масъалаҳоои гуногун баррасӣ гардиданд.
Дар кори Шӯро ҳисоботи декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Табаров М.С., декани факултети стоматологӣ, н.и.т., дотсент Юлдошева У.П., собиқи декани факултети педиатрӣ н.и.т., дотсент Саидзода Б.И., декани факултети тиббӣ-профилактикӣ н.и.т., дотсент Мирзоев Ҳ.М. ва декани факултети фармасевтӣ н.и.б., дотсент Қаландарзода Ё.Қ. шунида шуданд.
Дар кори Шӯро масъалаҳои мазкур баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои фаъолияти самаранок қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
ХАДАМОТИ РЕКТОР