“КОНСТИТУТСИЯ — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ”. БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОММАВӢ


“КОНСТИТУТСИЯ — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ”. БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОММАВӢ

4–уми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази ташхисию табобатии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» семинар-машварат бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар табиби терапевт Тошматова О.Р. оид ба аҳаммият, нақш, муҳтаво ва таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ибрози назар намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатии Мустақил дуюмин санади олии ҳуқуқие ба ҳисоб меравад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ҳамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, сиёсатшиносони Федератсияи Русия, Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо эътироф шудааст”.

Дар семинар, ки таҳти унвони “Конститутсия — шиносномаи миллат” баргузор гашт, зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқ буда, барои ҳифзи истиқлолият аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Конститутсия низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва имкон дод, то Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.

Ҳамчунин, Директори марказ дотсент З.М. Нурзода перомуни зарурати такмили Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки ба Конститутсия се маротиба — 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳимми ризоият, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси тағйиру иловаҳои соли 1999-и воридгашта аввалин маротиба дар мамлакат парламенти касбии дупалатаӣ — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.

“Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ, пеш аз ҳама, ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд. Такмили Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузошта шаванд”, - гуфт номзади илмҳои тиб, дотсент, директори Маркази ташхисию табобатӣ З.М. Нурзода.

Иштирокдорон нақши Конститутсияро дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон муҳим дониста, ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ намудани онро махсусан таъкид карданд.

Воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад.

Боиси зикр аст, ки ин санади олии ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла устодону донишҷӯёни Донишгоҳ қарор гирад. Зеро, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».

Маркази ташхисию табобатии Донишгоҳ


04.11.2022 518

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php