ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ДОНИШГОҲ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ДОНИШГОҲ

Дар остонаи рӯзи қабули ҳуҷҷати тақдирсози давлату миллати тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баргузор гардидани чорабинии донишгоҳӣ дар толори “Сино”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва доираи васеъи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ (04.11.202), инчунин, дар Маркази ташхисию табобатӣ, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, кафедраҳои биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ба номи профессор Бердиев Н.Б., таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона, анатомияи топогравӣ ва амалияи ҷарроҳӣ ба номи профессор Каримов М. К., стоматологияи муолиҷавӣ, эндокринология, бемориҳои кӯдаконаи №1, кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов, забонҳои хориҷӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалию сиёсӣ ва дарсҳои кушод бо иштироки меҳмонон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд. Дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯён оид ба моҳияти Конститутсия дар давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаву иҷтимоии Тоҷикистон, ки дар маркази он инсон арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қард, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии он дахлнопазир мебошанд, бо маърӯзаву андешарониҳои манфиатбор маълумоти муфассал дода, ҳамагонро барои риоя ва эҳтироми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа бағоят нақши муҳим дошта, дар он азму иродаи мардуми Тоҷикистон оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани давлат муқаррар шудааст, яъне, дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории халқи тоҷик муайян гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми арзишҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои халқи тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа, ҳадаф ва орзуи деринаи халқамон ба ҳисоб мераванд. Аз се як ҳиссаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳиои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки давлат ба он кафолат дода, масъулияти мақомоти давлатиро дар ин самт боз ҳам пурзур мегардонад.

Ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-амалию сиёсӣ ва дарсҳои кушод бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ба боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидати фаъол менамоянд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


05.11.2022 669

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php