ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАЪРИХӢ
Он қадаре, ки таърих моро аз рӯзҳои аввалини таъсисёбии давлати навини Тоҷикистон дур мекунад, ҳамон қадар мо муҳимияти омузиши таърихи ин давраро эҳсос мекунем. Бо гузашти солҳо, мо имкон дорем, ба таври объективӣва дар асоси факту далелҳои асоснок ба солҳои душвортарини давлатдории тоҷикон назар андозем ва ба воқеаҳову руйдодҳои он давра баҳогузорӣнамоему аз он таҳлилҳо сабақ омӯзем. Яке аз чунин руйдодҳои муҳими таърихӣ- ин Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд гузашта буд.
Таҳлили амиқ ва чуқури солҳои 1989-1991 нишон медиҳад, ки дар шароити нав, дар доираи системаи бисёрпартиявї, демократия, фишори омма элитаи сиёсӣаз ӯҳдаи иҷрои вазифаашон намебаромаданд. То моҳи сентябри соли 1992 ду президенти Чумҳурии навистиқлоли Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат ваколати худро аз даст доданд. Каххор Махкамов аз тарафи вакилони Параламент бо истифода аз институти импичмент аз вазифа гирифта шуд. Моҳи сентябри соли 1992 бошад Президент Рахмон Набиев бо роҳи зурӣаз тарафи силоҳбадастон маҷбур шуд, ки ба истеъфо барояд. Дар ҳар дуи ҳамин мавридҳо системаи сиёсии мамлакат ба хатогии ҷиддӣроҳ дод, зеро ин принсипи асосии демократия – эҳтироми интихоби овоздиҳандагонро поймол кард. Ақаллияти ҷангҷӯ тавонист, роҳбари сиёсиро иваз намояд.
Дар даврае, ки тамоми сохторҳои давлатӣбо таъсири муқовимати гурӯҳҳои силоҳдор фалаҷ гардиданд ва ҳатто пойтахти кишвар шаҳри Душанбе гирифтори даргириҳои сиёсӣва муқовимати ҳарбӣгардид, дар қасри Арбоб Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои дарк кардани таърихияти ин Иҷлосия бояд назаре ба вазъияти он давра гузорем ва ҳақиқати талху азобҳои мардуми тоҷикро бори дигар ёдрас шавем.
Вазъияти дохилии он давраро таҳлил намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон онро чунин тасвир намуданд: «Тоҷикистон дар он рӯзҳо киштии шикастаеро мемонд, ки на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракатро дошт, мусофирону сарнишинони ин киштӣдар талвосаи ҷон ва халосӣаз ин вартаи маргу нобудӣдасту по мезаданд». Ба болои ҷангу кушторҳо, ҷумҳурии моро хавфи гуруснагӣинтизор буд. Орд ҳатто дар корхонаҳои нонпазии шаҳри Душанбе намерасид. Корхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ ва даҳҳо корхонаҳои дигар таҳти назорати гурӯҳҳои ҷинояткорон қарор гирифтанд. Ба иқтисодиёти кишвар 7 миллиард доллари амрикоӣзарар расонида шуд. Беш аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 55 ҳазор кудак ятим монданд. Ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ характери маҳаллӣгирифтанд ва халқи тоҷикро ба ҷудоиандозӣоварда расонданд. Фаъолияти сохторҳои давлатӣва чизе, ки беш аз ҳама ба устувории давлат таҳдид кард ин суст ва ҳатто фалаҷ гардидани фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ буд, ки дар роҳи таъмини бехатарии мардум нақши асосӣдоштанд.
Дар чунин шароити вазнини сиёсӣва иқтисодӣаввалин вазифаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини сулҳ дар кишвар буд. Аз ҳамин ҷиҳат Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти вакилони Иҷлосия тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, то ки сулҳ ва оромиро дар кишвар таъмин намоянд. Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз аввалин қарорҳои худ авфи тамоми ҷиноятҳоро, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 содир шудаанд, эълон намуд, то ки ба муқовимати гуруҳҳои силоҳбадаст хотима дода, онҳоро ба роҳи сулҳ ва осоиштагӣҳидоят намояд. Бо ҳамин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиної, маъмурӣва интизомӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва ё дигар амали цайриқонунӣ содир карданд» қабул гардид.
Натиҷаи ҳамин кӯшишҳо буд, ки рӯзи 26 ноябри соли 1992 рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва он барои ба даст овардани сулҳ ва имзо гардидани Аҳдномаи ризоияти миллӣасос гузошт.
Вазифаи дуввуми Иҷлосия дар он буд, ки системаи нави давлатдориро ҷорӣнамояд, ки он пеши роҳи кашмакашиҳои сиёсиро гирифта, иродаи халқ ва волоияти қонунро дар интихоб кардани роҳ ва сохти сиёсӣафзалиятнок шуморад. Бо ҳамин мақсад дар рӯзи саввуми кори Иҷлосия ба арсаи таърихи давлатдории тоҷикон шахсияти нав баромад, ки дар пойдории сулҳ ва инкишофи минбаъдаи давлат нақши калидӣбозид. Рӯзи 19 ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалї- Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бидуни шубҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи қобилияти донишмандӣ ва суханварӣ дар қатори беҳтарин сиёсатмадорони сатҳи умумиҷаҳонӣҷойи сазаворро ишғол мекунад ва интихоби намояндагони халқ наҷоти миллиро таҷассум намуд [5,24]. Ҳамчунин вакилони Шӯрои Олӣвазъияти парокандагии сохторҳои давлатро ба назар гирифта, ваколати Раиси Шӯрои Олиро васеъ гардониданд. 27 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI –ум қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул кард. Мувофиқи ин қонун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Қабул кардани чунин қарор боиси таъмини рушди устувори идоракунии давлат гардид. Дар баробари ҳамин Иҷлосия барои гузаштан аз сохти парламентии идоракунӣба сохти президентӣпоягузорӣнамуд, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия бори аввал таклиф ва пешниҳодот дар бораи ҳар чӣзудтар қабул гардидани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохти идоракунии президентӣ садо доданд.
Дар идомаи муттаҳидсозии мардум ва бунёди давлатдорӣИҷлосияи XVI рамзҳои давлатӣ- Нишон ва Парчами миллӣ қабул гардиданд, ки ин аломати асосии таърихияти онро нишон медиҳад. Иҷлосия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти байналмилалӣва ҳамчун давлати мустақил, ягона ва сулҳпарвар барои ҷаҳониён муаррифӣнамуд, зеро дар ин рӯзҳо на танҳо мардуми тоҷик, балки мардумони дигар кишварҳо ба қарорҳои ин Иҷлосия таваҷҷуҳи калон зоҳир намуданд.
Дар ин давра Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист вазифаҳои хеле душворро ҳал мекард. Аз он ҷумла дар қатори аввалин чораҳои Ҳукумат барқарор кардани системаи идоракунии давлат, амали қонун ва таъмини бехатарии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон мутобиқ ба Ҳуҷҷати хотимавии Хелсинки, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳаматарафаи гурезагон бо хонаву ҷой, озукаворї, барқарор кардани иқтисоди кишвар ва дигар вазифаҳои ҳалталаб меистоданд. Ҳамаи ин корҳо бояд дар муддати кутоҳтарин иҷро мешуданд, зеро тулонӣшудани онҳо ба буҳрони нави сиёсӣва парокандагии дигар оварда мерасонид. Дар он давра ҳеҷ кас ба амалӣшудани қарорҳои қабулшуда боварӣнадошт, аммо сарварии хирадмандонаи роҳбарони он давра, дар шахсияти ЭмомалӣРаҳмон ва ҳамсафони вай на танҳо вазифаҳои гузоштаро ҳаллу фасл намуданд, балки барои равнақи минбаъдаи кишвар хизмати бепоёнеро анҷом доданд.
Таърихро халқ эҷод мекунад, аммо пешбарандаи он шахсиятҳо мебошанд, аз ин ру дар таърих номи онҳо боқӣмемонад. Шахсияти Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бевосита дар инкишофи давлатдории мо нақши калидӣдорад, зеро маҳз ирода, дониш ва ҷасорату мардонагии вай дар лаҳзаҳои душвортарини инкишоф ба кабул гардидани карорҳои таъриҳӣва ҳаллу фасл гардидани проблемаҳои халқу миллат меовард .
Хислати асосии ҳокимро Арасту ақли солим номида буд ва асоси давлатро бошад адолат меҳисобид. Вазифаи шаҳрвандонро бошад, Арасту итоат кардан ба қонун маҳсуб медонад.Тусӣаз сарвари давлат назорат аз болои риояи таносуби адолатро хоҳон мешавад. Абунасри Форобӣсарвариро кори ҳар кас намешуморад. Вай изҳор мекунад, ки мардум ба ҷомеа табиатан муҳточ ҳастанд. Шахсияти сарварро таҳлил карда, Абунасри Форобӣхислатҳои сарварро 12 хислати модарзодӣменомад ва росткорї, далерї, ҷасорат, саховатмандӣва дигар хислатҳоро ба сарвар муносиб медонад. Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон тамоми ин хислатҳоро дар худ таҷассум мекунад.
Бо роҳбарии Пешвои миллат ЭмомалӣРаҳмон мӯҳлати кутоҳ сохтмони роҳи Кулоб –Хоруғ-Кулма, бунёди неругоҳи Роғун ва дигар лоиҳахо амалӣгардиданд. «Роҳбарӣпадидаи иҷтимоӣаст. Барои расидан ба он бисёриҳо мекӯшанд. Аммо ноил гаштан ба натиҷаҳои барои миллат ва давлат созгор кори саҳл нест. Таҷрибаи зиндагӣаст, ки дурустии назария максади инсонро тавассути кудрати тайғир додани вазъи мамлакат, бунёди давлати мутамарказ ва дар сатҳи умумимиллї, минтакавӣва байналмилалӣкомгор будани сиёсати таҳрезишуда ва эълоншуда исбот мекунад» .
Таърих гузашти рӯзгор аст. Ҳар як халқ онро ба тарзи гуногун, бо пастию баландиҳои зиёд аз сар гузаронидааст. Халқи тоҷик ҳам ин раванди таърихиро дар муборизаҳо бо аҷнабиён ва дар набардҳо сипарӣнамудааст ва он аз саҳифаҳои дурахшони қахрамонию мардонагӣва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад.
Имрӯз мо бо ифтихори баланди самимона гуфта метавонем, ки дар таърихи Тоҷикистон Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ҳамчун саҳифаи наҷотбахши миллат ва марҳилаи таърихӣҷовидон боқӣхоҳад монд.
Абдураҳмонов З.В.- сардори шуъбаи тарбия,
номзади илмҳои таърих, дотсент