ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ОБ – МУҲАРРИКИ РУШД ВА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ОБ – МУҲАРРИКИ РУШД ВА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи наверо барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон оғоз намуд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳояшро бо давлатҳои ҷаҳон барқарор намуда, мақому манзалаташро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, барои кушодани роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли мушкилоти муҳими ҷаҳонӣ сиёсати хориҷиро таҳия ва роҳандозӣ намуд. Маҳз, ба воситаи роҳандозии сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ пайдо намуд. Таҳияи «Сиёсати дарҳои боз» воситаи муҳим барои амалӣ намудани ҳадафҳои байналмилалии Тоҷикистон гардид. Ин пеш аз ҳама имкониятҳои Тоҷикистонро дар ташкил намудани чорабиниҳои сатҳи минтақавиву байналмилалӣ бештар намуд. Аз ин ҷост, ки ниҳодҳои зиёди Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагиҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои зиёди ҷаҳон дар шаҳри Душанбе фаъолияти доимӣ доранд.

СЕЮМИН ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ ОБ

 

СОЛИ 2013

«СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ОБ»

Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тақвияти бештари ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи об ба назар гирифта, соли 2013-ро бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд. Ташаббуси мазкур бори нахуст дар Форуми 5-уми ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли 2009 дар Истамбул баргузор гардида буд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, 20-уми декабри соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид соли 2013-ро ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд. Ҳадафҳои асосии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ин ноил гардидан ба фаҳмиши амиқи ҳамбастагии рушди устувор ва идоракунии захираҳои обӣ, мусоидати ҳукуматҳо ҷиҳати таҳияи стратегияву барномаҳо барои ҳамкории босамар дар идоракунии захираҳои обӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати иштирок дар идоракунии захираҳои обӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва шабакоҳи иттилоотӣ ҷиҳати паҳн намудани дониш, усулҳои наву инноватсионӣ ва таҷрибаи сиёсӣ дар ин ҷода мебошад. Тавре Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Мавҷудияти шаклҳои мухталифи истифодаи об ва ихтилофи истифодаи мавсимии захираҳои об ва манбаҳои энергетикӣ, инчунин, тақсимоти номутавозини онҳо натанҳо дар иқтисодиёт, балки миёни табиат, ҷомеаи башарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ мухолифати манфиатҳоро ба миён меорад. Дар чунин шароит бояд дар истифодаи захираҳои об роҳҳои нави густариши муколамаву музокирот ва механизмҳои ҳамкориро дарёфт кард, дар ин самт нақши калидии рушди дипломатияи об муҳим аст».

Бо пешниҳод намудани ташаббуси сеюми глобалӣ дар масъалаи об таҳти унвони соли 2013 «Соли байналмилаии ҳамкорӣ дар соҳаи об» Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонро мутмаъин сохт, ки агарчи об аз як ҷониб манбаи ҳаёт ба ҳисоб равад, аз ҷониби дигар он манбаи асосии некӯаҳволӣ ва амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Он муҳаррики ҳамкориҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад. Эълони ташаббуси «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ҷомеаи ҷаҳонро ба он даъват намуда буд, ки обро ҳамчун василаи муттаҳид гаштани халқу давлатҳо истифода баранд. Дар давоми «Соли байналмилаи ҳамкорӣ дар соҳаи об» Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории Форум ва Конференсияҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ паёми худро дар масъалаи об ба ҷомеаи ҷаҳон ирсол карда, аҳли ҷаҳонро ба ҳамкории созанда дар ҳалли мушкилоти об даъват намуда буд.

Бояд таъкд кард, ки ҳаҷми умумии захираҳои об дар сайёраи Замин 1400 миллион километри кубиро ташкил медиҳад ва аз он танҳо 2,5%, яъне, 35 миллион километри мураббаъро оби тозаи ошомиданӣ ташкил медиҳад. Бо мавҷудияти миқдори ками захираҳои оби тоза, қисми зиёди он дар пиряхҳо ҷойгир мебошанд, яъне, манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар муддати кутоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз маконҳои асосии баргузории ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ мубаддал гардид. Тибқи эълони ташаббуси соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» 20-21-уми августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардида, беш аз 900 меҳмони воломақом ва коршиносони маъруфи зиёда аз 70 давлати ҷаҳон ва созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалиро ба ҳам овард ва дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ, аз ҷумла, Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамукорӣ дар соҳаи об, Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, Натиҷаи Конфронси байналмилаии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, Пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо ҳамоҳангии дастаҷамъона қабул карда шудаанд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


19.09.2023 1394

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php