Равишҳои навтарини пешгирӣ ва табобати бемории сил
Барномаҳои ONEIMPACT ВА I LIKE VST дар Тоҷикистон омӯзонида мешавад
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” тӯли моҳҳои август-октябри соли 2022 дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон ва шаҳри Бӯстон дар доираи лоиҳаи “Имконот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои бартараф кардани мушкилот, даври 10” яксилсила семинари омӯзишӣ гузаронида мешавад, ки дар он табибон, ҳамшираҳои шафқат, беморон ва аъзои оилаи беморони гирифтори сил иштирок мекунанд.
Дар семинар ба иштирокчиён аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар бораи вазъи эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои мазкур, вазифа, мақсад, зермақсадҳо, чорабиниҳои нақшавии лоиҳаи “Имконот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои бартараф кардани мушкилот, даври 10 ”, тарзи дурусти истифодаи барномаҳои мобилии “I LIKE VST” (видео-табобати сил) ва OneImpact (мониторинги ҷамъиятӣ) барои дастгирии табобат, мониторинги ҷамъиятӣ тавассути барномаи мобилии OneImpact - истифодаи амалии барномаи мобилӣ ва дигар масоили марбута маълумоти муфассал дода шудааст.
Гуфта мешавад, иштирокчиёни семинар дар ҷараёни корҳои гурӯҳӣ ба саволҳои худ посух гирифта, табодули андешаву таҷриба кардаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи лоиҳа беморони ба видео-табобат фарогирифташуда ва табибони силшиноси онҳо ба воситаву таҷҳизоти лозима, аз ҷумла бастаҳои ройгони интернетӣ таъмин карда шудаанд.