ТАШАККУЛЁБИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАКЛҲОИ НАВ


ТАШАККУЛЁБИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАКЛҲОИ НАВ

Дар олами муосир раванду ҳодисаҳое ташаккул ва инкишоф меёбанд, ки сатҳи гуногуни муносибатҳои байни ҳамдигариро пайдо намуда, ба якдигар дар таъсири мутақобила қарор гирифтаанд. Экстримизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун зоҳир мегардад.

Терроризм яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад ва он таърихан ҳодисаи нав нест. Ҳануз аз замонҳои қадим неруҳои сиёсии ҳокимиятхоҳ даст ба зурӣ, даҳшат ва тарсонидани одамон мезаданд. Онҳо террорро воситаи самараноки мубориза медонистанд. Махсусан, дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоитарро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардид. Терроризм ҳодисаи умумиҷаҳонӣ гардидааст. Он дар сатҳ ва шаклҳои гуногун дар тамоми минтақаҳои олам зуҳур меёбад. То солҳои 80-ум 90-ум асри ХХ терроризми муташаккил бештар дар Аврупои Ғарбӣ намуддор мегардид. Гурӯҳҳои террористоне, ки аз ҷиҳати идеологӣ ба ҳам наздик буданд, мекушанд, ки амалиётҳои якҷоя гузаронанд. Зеро самараи фаъолияти дастаҷамъона бештар аст.

Мураккабтарин ва хатарноктарин зуҳури терроризм дар заминаи этиқоди динӣ хосияти соф идеологӣ пайдо намудани он аст. Террормзме, ки ба идеология такя менамояд заминаҳои хоси ташаккул ва инкишофро соҳиб аст.

Унсури марказии террор амали террористӣ аст ва он аз се қисм таркиб ёфтааст: ғояҳо ва омилҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамояд; фаъолияти зӯроварӣ бо тамоми зуҳуроташ; худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объекте равона гардидааст.

Се навъи асосии терроризм вуҷуд дорад: тероризми иҷтимоӣ-инқилобӣ; терроризми этникӣ-миллатгарӣ ва терроризми динӣ.

Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешавад. Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ мегирад ва ба фанатизми аъзои гурӯҳҳои террористӣ нигаронида шудааст. Дар кишварҳои ғарбӣ тасаввуроти нодуруст дар бораи тамаддуни исломӣ, дар бораи макон ва барандагони экстремизм ва терроризм баромад намудани он, манбаъи фанатизм, экстремизми миллӣ, наркобизнес будани он ва ғайраҳо паҳн мегардад. Дар воқеъ, амалҳои террористии ниқоби динидошта моҳияти динро инъикос карда наметавонанд. Ҳар гуна дин, бахусус, дини Ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд.

Террорист, ки қотили бегуноҳон аст, мусулмон буда наметавонад. Ифротиёне ҳастанд, ки аз дин истифода бурда, ҳаннотӣ карда, аркони дину ғояҳои таълимоти онро ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамоянд.

Ҳар гуна дин моҳиятан барои бунёдиу рушди покизагии ҳаёт, ахлоқ, раҳму шавқат, гуногуни адлу инсоф ва арзишҳои дигари волои ҷамоаи башарӣ пайдо гардида, инкишоф ёфтааст.

Ташкилотҳои калонтарини террористии бо ном исломӣ бо чунин номҳо амалҳои нопоки худро дар минтақаҳои гуногуни дунё амалӣ менамоянд. Ҷавонон бояд аз чунин зуҳуротҳои номатлуб дурӣ ҷуянду ба донишандӯзию илмомӯзӣ машғул шаванд.

 

Валиев Давлатёр

Рӯзноманигори Хадамоти ректор


19.11.2023 1048

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php