ХУЛОСАБАРОРИИ НАТИҶАҲОИ МИЁНАМУҲЛАТИ АВВАЛИН ГРАНТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ ОИД БА БЕМОРИИ СИЛ
6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе вобаста ба хулосабарории натиҷаҳои миёнамуҳлати аввалин гранти иҷтимоии давлатӣ оид ба бемории сил ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ, шарикон оид ба рушд, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони гирифтори бемории сил иштирок намуданд.
Муовини вазир аҳамияти ҷудо кардани грантҳои иҷтимоиро ба минтақаҳо вобаста ба вазъи эпидемиологии онҳо қайд намуда, хостори бозбинии ҳаҷми грантҳои иҷтимоӣ барои расонидани хизматҳои ғайритиббии зидди бемории сил шуд.
Гуфта шуд, ки баррасии натиҷаҳои миёнамeҳлати грантҳои аввалини давлатӣ ва пешниҳоди сабақҳои омӯхташуда барои таҳияи талабот ба фармоишҳои иҷтимоии минбаъдаи бемории сил муҳим аст. Афзоиши грантҳои давлатӣ барои масъалаҳои марбут ба бемории сил ба беҳтар шудани риояи табобати бемории сил ва коҳиши доғи вобаста ба бемории сил ва дар навбати худ, барои аз байн бурдани бемории сил дар кишвар мусоидат мекунад.
moh.tj