Конфронси байналмилалии урологҳо дар Самарқанд: Олими ҷавон Кавраков Т.Ҷ. сазовори ҷойи аввал гардид


Конфронси байналмилалии урологҳо дар Самарқанд: Олими ҷавон Кавраков Т.Ҷ. сазовори ҷойи аввал гардид

Рӯзҳои 3-4-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри бостонии Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалии урологҳо таҳти унвони “Мушкилиҳои мубрами урология: ягонагӣ, назария ва амалия” баргузор гардид, ки дар он як қатор устодон ва олимони ҷавон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ иштирок намуда, дар мавзӯҳои муҳимми соҳа андешаронӣ намуданд.

Боиси хушнудист, ки дар конфронси мазкур олими ҷавон Кавраков Тошмуҳамад дар бахши урологӣ соҳиби ҷойи аввал гардида ва ба гирифтану сертификату ифтихорномаҳо сарфароз гардид. Кавраков Тошмуҳамад дар мавзӯи “Нефролитотрипсияи тариқи пӯстӣ дар кӯдакон” маърӯзаи илмӣ намуд, ки аз ҷониби устодон ва олимони соҳа сазовори баҳои баланд гардид. Ҳамчунин, олими ҷавон Кавраков дар охир ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас баён кард.

Ёдовар мешавем, ки Кавраков Тошмуҳамад ординатори соли 2-уми Донишгоҳ дар бахши урологӣ буда, бо раҳнамоии олимон - доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи ҷарроҳии кӯдакона Ибодов Ҳабибулло, доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи урология Шамсиев Ҷамолиддин ва номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи Саъдуллоев Фарҳод дар ҷодаи илм пажӯҳиш мебарад.

Бояд зикр намуд, ки дар конфронси мазкур намояндагони зиёда аз 20 мамолики олам, аз ҷумла Русия, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра иштирок намуданд.    

 


11.10.2022 777

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php