Аҳамияти сулҳу субот дар ҷаҳони муосир, нақши ҷавонон дар ҳифзи амнияти давлатию якпорчагии Тоҷикистон, моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, риояи қонунгузорӣ дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ


Аҳамияти сулҳу субот дар ҷаҳони муосир, нақши ҷавонон дар ҳифзи амнияти давлатию якпорчагии Тоҷикистон, моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, риояи қонунгузорӣ дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ

Дар шароити торафт печидаву мураккаби вазъи ҷаҳони муосир нақш ва аҳамияти сулҳу субот дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз фарзандони барӯманди тоҷик, хоса, ҷавонон амният ва якпорчагии хоки Тоҷикистонро ҳифз намуда, барои таъмину таҳкими суботу оромии ҷомеа, Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватан ба давлату миллат хизмати содиқона доранд. Бояд донем, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар як мо – шаҳрвандон мебошад.

Бо шарофати Истиқлолу иттиҳод Ҷумҳурии Тоҷикисон ободу зебо гардид ва бо таъмину таҳкими суботу оромӣ, таҷрибаи давлатсозию давлатдорӣ нуфузи оламшумул пайдо кард. Бо талошу заҳматҳои ояндадори халқи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватанамон – Тоҷикистон сулҳмеҳвар бунёд гардида, рушд намуд ва ба давлати пешрафтаву босубот, соҳибихтиёру соҳибистиқлол табдил ёфт. Тамоми музаффариятҳои халқи тоҷик дар роҳи бунёду таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, танҳо дар заминаи сулҳу суботи сартосарӣ ба даст омадааст. Пешрафти давлатҳову миллатҳоро дар шароити нооромию суботи комил надоштан тасаввур намудан имконнопазир аст. Маҳз, сулҳу субот омили эҳёи зиндагӣ ва рушду тараққиёти давлату миллатҳо арзёбӣ мегардад. Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистони сулҳмеҳвар миллати сарбаланду соҳибфазилати тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди шоҳсутуни бегазанди Истиқлолу иттиҳод ва давлати босубот қадамҳои устувор гузошт. Мо тоҷикон имрӯз дар шароити соҳибистиқлолӣ ва фазои босуботу осоишта зиндагӣ дорем, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст, ба қадри неъматҳои бебаҳои он – Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, амнияти давлатию ҷамъиятӣ расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Ба қарди оромиву субот расидан, шукронаи соҳибдавлатию соҳибватаниро ба ҷо овардан ва ба корҳои созандагӣ ҳамроҳ шуда, музаффариятҳои халқу давлатамонро афзун намудан қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Тавре Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – Истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ расем”.

Мураккаб шудани вазъияти байналхалқӣ хатарҳои наверо ба суботу амният ва Ваҳдату мустақилии кишварҳо ба вуҷуд овардааст. Низоъҳои сиёсӣ ва идеологии ҷаҳони муосир рӯзҳои сахту нангинро пешорӯӣ баъзеи халқу давлатҳо намудааст. Халқу давлатҳои таҳти таъсири низоъҳои сиёсӣ қарордошта орзуву ҳадафи ягонаи ба даст овардани Истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромиро доранд, зеро саодати ҳар миллат, кафолати рушду тараққиёти ҳар давлат ба суботу амният ва Ваҳдату ягонагӣ вобаста мебошад. Дар чунин вазъи печидаи ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки бештар аз ҳар вақти дигар Истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, амнияти сартосарӣ ва Ваҳдати миллиро чун арзишҳои муҳим дар роҳи рушду шукуфоии кишвари азизамон ҳифз намуда, ҳамеша барои ҷовидона нигоҳ доштани онҳо омода бошем. Имрӯз, ки мо – тоҷикон соҳиби суботу амнияти комили давлатию ҷамъиятӣ мебошем ва аз неъматҳои арзишманди Ватанамон баҳра мебарем, бояд ҳамеша ҳомии сулҳу ваҳдат ва ягонагиву якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бошем. Мардуми соҳибфарҳангу ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба оянда назари нек дошта, дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ва таъмини зиндагии пурсаодат қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳар як давлати озоду мустақил ва адолатпеша низоми давлатдории хешро ба воситаи қабулу дар амал татбиқ намудани Конститутсия ва қонуну қарорҳо муайян намуда, таҳким мебахшад. Халқи тоҷик ҳамчун муассиси давлати мустақилу миллии худ озодӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муқаддас эътироф намуда, ба ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон арҷ мегузорад. Мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд дар он ифода меёбад, ки мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон ба ҳуқуқ, пеш аз ҳама ба Конститутсиия тобеъ буда, дар баробари истифода аз ҳуқуқу озодиҳо, инчунин, дар таъмини волоияти қонун ва масулияти байниҳамдигарии давлату шаҳрвандон уҳдадор мебошанд.

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 43.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Дар таърихи навини давлатдории миллии халқи тоҷик дар баробари соҳиб шудан ба Истиқлоли милливу давлатӣ рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту ҳушманд волотарин дастовард маҳсуб меёбад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ қонунгузории соҳаи мудофиаи ҷумҳурӣ танзиму таҳким ёфта, шароити мусоиду арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус, сарбозон бо асосҳои ҳуқуқӣ муҳаё гардидааст. Дар мамлакат тартиби хизмати ҳарбӣ бо асосҳо ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021 муайян шуда, амалӣ мегардад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мафҳуми «уҳдадории ҳарбӣ» – уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он ва мафҳуми «хизмати ҳарбӣ» – намуди хизмати давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ шарҳу ифода ёфтааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» намудҳои хизмати ҳарбӣ ва тартиби адои он муайяну муқаррар шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, омодасозӣ, даъват намудан, тартиби дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ, адо кардан ва рухсат (озод) шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муайян менамояд. Уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди ҳарбӣ, омодасозӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбӣ, дар эҳтиёт будан, даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва махсусро пешбинӣ менамояд. Шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин, шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, уҳдадории ҳарбиро иҷро мекунанд. Шаҳрвандон тибқи асосҳо ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Аз тарафи шаҳрвандон иҷро гардидани уҳдадории ҳарбиро мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, дар доираи ваколатҳояшон таъмин мекунанд. Шаҳрванд метавонад, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, яъне, шаҳрванди қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа гузаронида мешавад. Шаҳрванд пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда намешавад. Шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда мешаванд. Ҷавонон неруи пешбаранда ва созандаи ҳар давлату миллат маҳсуб меёбанд. Имрӯз саҳми ҷавонони баруманду эҷодкор ва ватандӯсти миллати тоҷик дар ҳамаи бахшҳо беназиранд. Ҷавонони бонангу ори миллати тоҷик дар марҳилаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ, ки ҳадафи асосии он ҳимояи Модар-Ватан аст, ташаббус нишон медиҳанд. Давлату миллати тоҷик дар таъмини иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ба ҷавонон эътимод доранд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат барои дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла, ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистон Артиши миллии қобили муҳофизати марзу бум, Истиқлолу иттиҳод ва амнияти давлатию ҷамъиятиро дорад. Тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат ва омодабошии ҷангӣ ба кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ вобаста мебошад. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиранд барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ бар зидди истилогарону исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор муборизаҳои беамон баранд. Дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимояи давлату миллат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад.

Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.  Шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд. Шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, тибқи қонунгузорӣ мумкин аст, барои омодагӣ ё омодагии такрорӣ ба хизмати ҳарбӣ ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват карда шаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, бо мақсади амалисозии чорабиниҳо дар самти пешгирӣ, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва оқибатҳои он ё дар ҳолатҳои дигар бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, ба ҷамъомадҳои махсус даъват карда шаванд. 

Муҳофизати сохтори конститутсионии давлат, муқовимат ба қувваҳои зиддидавлатӣ ва хатарҳои нави ҷаҳони муосир рисолати асосии хизматчиёни Артиши миллӣ мебошад. Халқи сарбаланди тоҷик борҳо шоҳиди корнамоиҳои ҳомиёни Ватан гардида, ба азму ирода, садоқату вафодории хизматчиёни Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ мегузоранд. Ҳар як ҷавонмарди тоҷик бояд дарк намояд, ки ҳимояи марзу буми давлат, таҳкими суботу осоиштагии миллат вазифаи муқаддасу масъулияти пурифтихораш мебошад ва дар марҳилаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ шомили сафҳои Артиши миллӣ гардида, рисолати ҷавонмардию қарзи шаҳрвандияшро иҷро намояд. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ кафолати пойдории сулҳу субот, таҳкими аркони давлатдорӣ, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва рисолату вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаву муқаддас муқаррар шудааст. Ҷавонони синни даъвати хизмати ҳарбӣ бояд дарк намоянд, ки ихтиёран ҳозир шудани онҳо ба сафҳои Артиши миллӣ ва хизмати садоқона намудан ба давлату миллат суботу амнияти сартосари таҳким мегардад ва давлатамон беш аз ҳар вақти дигар рушд менамояд. Ин масъаларо асосан бояд падарону модарон дуруст фаҳманд ва барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандони хеш талош намоянд.

 

Дар сурати саркашӣ кардани даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ва ё бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда дар муҳлати муайяннамудаи даъватнома, даъватшаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳамчунин, дар баробари ин, барои вайрон кардани талаботи дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар низоми қонунгузорӣ ҷавобгариҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбандаасту ҳамарӯза амалҳои ғайриинсонию даҳшатборе дар гушае аз он анҷом дода мешавад, амнияту субот доштан, соҳиби давлат будан ифтихору масъулияти бузург ва мояи сарфарозист. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ аз ҳар яки мо муносибати ҷиддӣ ва иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ тақозо мегардад. Дар робита ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо – тоҷикон, хоса ҷавонон бояд ба қадири Ватан ва ҳар лаҳзаи суботу оромӣ бирасем ва бо дасту дили пок, нияти нек, садоқат ба давлату миллати худ, нангу номуси ватандорӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ кору фаъолият намоем. Ҳифзи Ватан, сулҳу субот ва осоиштагии миллат ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Пас зарур аст, ки барои таъмини сулҳу субот ва ҳифзу тарққиёти Ватанамон-Тоҷикистон соҳибистиқлол талош намоем.

Валиев Давлатёр

Рӯзноманигори Хадамоти ректор


29.09.2022 495

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php