Экстремизм – падидаи зиддибашарӣ!


Экстремизм – падидаи зиддибашарӣ!

Авзои пуртаззоди имрӯзаи ҷаҳон аз афзоишу вусъати унсурҳо ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҷалби баъзеи ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ гувоҳӣ медиҳад. Тибқи таҳқиқот ва андешаи коршиносон амалию пурзур намудани чораҳои маъмурию ҳуқуқӣ муҳимтарин василаи пешгирӣ ва маҳкум намудани фаъолияти экстремиситӣ арзёбӣ мегардад. Экстремизм ҳамчун падидаи зиддибашарӣ хислати ҷаҳонӣ гирифта, торафт шаклҳои гуногунро касб намуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти экстремистиро ҷиноят эътироф карда, бо асосҳои ҳуқуқӣ фаъолияти экстремистиро дар мамлакат қотеъона маҳкум намудааст. Дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020 маврид амал қарор дорад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Фаъолияти экстремистӣ хатари бузурге ба амнияти давлатҳо буда, дар шароити имрӯза намудҳои гуногунро касб намудааст. Давлатҳое ҳастанд, ки барои пешгирӣ ва бартарафсозии хатарҳои зуҳуроти экстремизм ташаббус нишон дода, дар таъмини амнияти ҷаҳон саҳм мегузоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамон давлатҳост, ки дар самти ҳалли мушкилоти ҷомеаи башар бо ташаббусҳои байналмилалии худ ҳам пешсаф, ҳам эътироф ва ҳам соҳиби эҳтиром гардидааст.

Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мафҳуми “Экстремизм” ба таври зайл шарҳ дода шудааст. “Экстремизм” – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст. Дар илми муосир таҳти мафҳуми “Экстремист” – нафаре фаҳмида мешавад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравӣ, моҷароҷӯӣ ва дар маҷмуъ канорагирӣ мебошад. Ҳуҷҷат ва иттилоот дар ҳама намуди ҳомилҳо, аз ҷумла, ҳомили моддие, ки дар он ҳама намуди иттилоот дар шакли матнҳои дастнавис ё чопӣ, варақаҳо, адабиёт, маҷалла, рӯзнома ва китобчаҳо, сабти овозӣ, тасвирӣ ё якҷоя, маводи аккосӣ, навори кино, видеороликҳо, сабти аудиою видео сабт шуда, дорои маълумоти имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунонии он мутобиқ ба мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ мебошад, маводи экстремистӣ ҳисобида мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи муқовимат ба экстремизм”

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

- ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта - кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) бо мақсади маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расондани зарар ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин ба сулҳу амнияти байналмилалӣ равона гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;

- ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта - кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракатҳои бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, инчунин, мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин, тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд, ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо, паст задани шаъну эътибори миллӣ, вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин, ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин, омӯзондани мафкураи экстремистӣ, монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар  ва шахсони мансабдори онҳо, истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо, ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда, даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан, нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ фаъолияти экстремистӣ муайяну муқаррар шудааст.

Гурӯҳҳои экстремистӣ аз навъҳои мухталиф одамонро ба ташкилоти худ ҷалб мекунанд ва аксаран ба онҳо бо ваъдаи дуруғ қавли роҳи ҳалли осони халосӣ барои ҳамаи мушкилот медиҳанд. Аксари нафароне, ки ба гурӯҳои экстремистӣ ҷалб мешаванд, ҷавононанд. Ҷавонон ҳатто дар зеҳни худ ба ин воқеият фикр намекунанд, ки бо ширкат дар чунин фаъолиятҳо натанҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки мушкилоти нави зиёдеро барои худ эҷод карда, оқибат ба доми амалҳои пурхатар меафтанд. Имрӯз тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма мебинем, ки дар баъзе гушаҳои ҷаҳон вазъият чӣ гуна ноорому нигаронкунанда аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ хулоса карда мешавад, ки таблиғи ақидаҳои дорои хусусияти ифротӣ ва тундгароёна дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта, ҷавонон таҳти ҳадаф ва таъсири таблиғоти доираҳои гурӯҳҳои террористӣ қарор мегиранд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки тундгароёнаи худ ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, бешубҳа, на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳо ҷаҳон мебошад, балки талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти моддию маънавии беҳисобро дар пай дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи амнияти давлату миллат самтҳои асосии муқовимат ба экстремизмро дар қонунгузории амалкунанда муайян намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи муқовимат ба экстремизм”

Моддаи 5. Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм

Муқовимат ба экстремизм дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:

- андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст;

- огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта;

- ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;

- ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм.

Ҳузури созмонҳои ифротгаро ва ташкилотҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ, махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатеро бавуҷуд овардааст, ки хатару таҳдид ба суботу оромии ҷомеа бештар гардад. Воқеияти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки созмонҳои террористию экстремистӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо паҳн намудани иттилооти хусусияти ифротидошта, барангезандаи кинаву адовати миллӣ, динӣ ва сохтаву ғаразнок кӯшиш менамоянд, амнияту осоиштагӣ ва Истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳоро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор диҳанд. Таҳдидҳои мавҷуда давлатҳои миллиро водор менамояд, ки дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи мафкураи солими шаҳрвандони худ тадбирҳои бештар андешанд. Фазои маҷозӣ, ки имрӯз дар аксар маврид майдони назоратнашаванда ва бесарҳад арзёбӣ мегардад, аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун василаи асосии татбиқи мақсадҳои ғаразнок истифода мешавад. Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки фаъолияти экстремистӣ ба амнияти ҷомеаву давлатҳо ва ҳаёту саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ дорад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти экстремистӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ – аввалан, барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва баъдан, суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ муттаҳид мекунад.

Тибқи таҳқиқот ба роҳ мондани чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба экстремизм ва оқибатҳои ҳуқуқии он дар байни шаҳрвандон, хоса, ҷавонон, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии онҳо мусоидат менамояд, аз тадбирҳои муҳими пешгирии фаъолияти экстремистӣ дониста мешавад. Бо назардошти ҳамин мақсадҳо давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ошкору пешгирӣ ва маҳкумкунандаи фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла, татбиқи низоми ягонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иттилоотӣ, тарбиявӣ, ташкилӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва дигар чорабиниҳоро ба роҳ мондааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” субъектҳои муқовимат ба экстремизм муайян гардидааст. Амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур, бадин васила ошкору пешгирӣ ва маҳкум намудани фаъолияти экстремистӣ вазифаи муҳими субъектҳои муқовимат ба экстремизм мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи муқовимат ба экстремизм”

Моддаи 17. Манъ ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти хусусияти экстремистидошта

1. Ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистӣ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад.

2. Қатъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот барои пешгирии таблиғоти экстремизм дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.   

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, бахусус, ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро ба экстремизм айният медиҳанду омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба гурӯҳҳои экстремистӣ ҳам худ ва ҳам ҳазорон нафари дигаро ба доми марг мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи муқовимат ба экстремизм дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва нақши фаъол дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомамлӣ Раҳмон ҳануз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои худро вобаста масъалаҳои мазкур то имрӯз ироа менамоянд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 19-уми сентябри соли 2017 аз ин минбари баланд аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошта буданд: “Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд”. Аз ин бармеояд, ки сулҳу субот омилаи асосии рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини ҳаёти сазовору осоиштаи мардум ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад. Дар ҷомеаи имрӯзаи давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро омӯзанду донад. Субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва иштирокчиёни муқовимат ба экстремизм вазифадоранд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро ба шаҳрвандон омӯзонанд. Агар қабули қонунҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Шомилшавӣ ба гурӯҳои экстремистӣ, пайравӣ ва ташвиқи фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят мебошад. Ҷиноят – кирдори содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет;

д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм

1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;

а) такроран;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяи ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.

Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)

1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурӯҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237(1), 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.

Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)

1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то даҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.

Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта

1. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор, агар:

- бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;

- бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Ҳарчанд муқовимат ба экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои таҳкими заминаҳои рушди давлати миллӣ фаъолияти худро дар ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, вазифаҳое, ки имрӯз дар назди мо – шаҳрвандон гузошта шудааст, бояд бо дарки баланди масъулияти ватандӯстӣ иҷро намоем.

Воқеан, мубориза бар зидди ифротгароӣ бояд дастаҷамъона сурат гирад. Албатта, ҳамовозӣ дар муқовимат ба ифротгароӣ омили асосии ҳифзи суботу оромӣ ва василаи таъмини амнияти миллӣ аст. Пас, имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолу озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, ки қарзи шаҳрвандии мост, бештар фаъолнокӣ зоҳир намоем, то тавонем, барои наслҳои оянда, давлати рушдкарда, босубот ва соҳибихтиёрро ба мерос гузорем.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


16.09.2022 498

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php