Татбиқи тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Татбиқи тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беҳтар гардидани ҳолати муҳити зист, амнияти экологӣ ва фароҳам омадани шароити арзандаи зиндагӣ дар сайёра аз сокинони он вобаста мебошад. Дар қатори таҳдиду хатарҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва амниятиву беҳдоштӣ дар сайёраи замин таҳдиду хатарҳои марбут ба таъсири ногувори тағйирёбии иқлим, гармӣ, обшавии пиряхҳо ва офатҳои табиӣ амният ва суботи зиндагии башариятро таҳдид менамояд. Тағйирёбии босурати иқлим ва паёмадҳои нохуши он дар сайёра солҳои охир ба мушлкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Оқибатҳои нохуши ин раванд башариятро водор месозад, ки нисбат ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва пешгирӣ аз паёмадҳои ногувори офатҳои табиӣ аз ҳарвақта дида бештар талош намояд. Бо нигоҳи дурбинона ва ғамхорӣ ба аҳли сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба ҳаёти осоиштаи сокинон ва рушди устувори кишварҳои дунё аз минбари ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ибрози назар карда, ҷиҳати пешгирӣ аз паёмадҳои ногувори ин раванд таклифу пешниҳодҳои муҳим менамоянд, ки ҷонибдорӣ ва дастгирии амиқи худро пайдо кардаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст. Ин Стратегия аз ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар сарчашма гирифта, дар асоси суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж ва ҷаласаи пленарии Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳия гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хориҷкунии газҳои гулхонаӣ ба иқлим дар сатҳи глобалӣ таъсири хеле кам дорад. Олудашавии ҳавои атмосфера низ метавонад, ба тағйирёбии босуръати иқлим мусоидат намояд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд, зеро сарватҳои табиӣ ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ сарвати бебаҳо ва умеде барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва халқи азизу шарифи он аст.  

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


15.09.2022 520

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php